Қирғизистон аз содиркунандагони маводди сӯхт ба Тоҷикистон

  • 17 Июл, 2013
Раҳматов
Image caption Оқои Раҳматов гуфт, феълан Қирғизистон аз содиркунандагони аслии маводди сӯхт ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Мақомоти Идораи гумруки Тоҷикистон Қирғизистонро аз содиркунандагони аслии маводди сӯхт ба Тоҷикистон унвон карданд.

Неъмат Раҳматов, муъовини аввали раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 17 июл, дар нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз Қирғизистон ба ин кишвар ба миқдори 91 милюну 700 ҳазор литр ё беш аз 74 ҳазор тун бензин ва дизел ворид шудааст.

Оқои Раҳматов гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар ин муддат ба Тоҷикистон 183 ҳазор тун маводди сӯхт ворид гардидааст, Қирғизистон дар канори Русия аз содиркунандагони аслии бензин ва дизел ба ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон чун Тоҷикистон захоири бузурги нафту гоз надошта ва ин маводди сӯхт аз тариқи бозсодирот ё ре-ехпорт аз Русия тавассути Қирғизистон ворид мешавад.

Зимнан, маводди сӯхт аз Русия ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид шуда ва аз ин лиҳоз, қимати бензину дизел дар ин кишвар дар муқоиса ба Тоҷикистон арзон аст.

Вале Русия дар моҳи июни соли 2010 дар содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон боҷи давлатӣ ҷорӣ карда ва ба дунболи он қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафт.

Бо вуҷуди имзои мувофиқатнома миёни Тоҷикистону ва Русия дар мавриди лағви боҷи гумрукӣ барои маводди сӯхт дар моҳи октябри соли гузашта, то ба ҳол ин тавофуқ ба маърази иҷро надаромадааст.

Ба гуфтаи мақомоти Идораи гумруки Тоҷикистон, дар зарфи ду соли ахир маводди сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба таври қочоқ ворид шуда ва дар соли ҷорӣ вуруди ин маводд ба ин кишвар ба таври расмӣ ва тавассути гузаргоҳҳои гумрукӣ сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин иқдом ба буҷети Тоҷикистон ба миқдори 69 милюн сомонӣ ё муъодили 15 милюн дулори омрикоӣ боҷи гумрукӣ ворид шудааст.