Ҳушдори 'Барқи тоҷик' аз коҳиши оби рӯдхонаи Вахш ва тавлиди барқ

  • 19 Ноябр, 2013
Вахш
Image caption Дар пайи коҳиши мизони маҷрои рӯдхонаи Вахш мизони тавлидоти нерӯи барқ дар кишвар низ коҳиш ёфт

Ширкати "Барки тоҷик" аз коҳиши мизони об дар рӯдхонаи Вахш ва пойин рафтани мизони тавлидоти нерӯи барқ дар кишвар хабар додааст.

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии ин ширкат, феълан дар Тоҷикистон 36 милюн киловотт/соъат барқ тавлид шуда ва 11 милюн аз ин миқдор барои ниёзҳои ширкати "Талко" масраф мешавад.

"Барқи тоҷик" иддаъо дорад, ки пойин рафтани дамои ҳаво ба коҳиши мизони оби рӯдхонаи Вахш, ки нерӯгоҳҳои аслии Тоҷикистон дар масири ин рӯдхона воқеъ ҳастанд, мунҷар шудааст.

Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки феълан барои фаъъолияти нерӯгоҳи Норак, бузургтарин тавлидкунандаи барқ дар Тоҷикистон 500 метри мукаъаб об масраф мешавад ва танҳо 230 метри мукаъаби он тавассути рӯдхона ворид мешавад. Миқдори дигари оби мавриди ниёз аз захираи обанбори ин нерӯгоҳ гирифта мешавад.

Ширкати "Барқи тоҷик" ҳушдор медиҳад, ки бо фаро расидани сармои бештар маҷрои рӯдхонаи Вахш бештар коҳиш ёфта ва мушкили таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ бештар маҳсус хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз зимистони сардтар ва тӯлонитари имсол ҳушдор дода буд.

Ин дар ҳолест, ки интизор мерафт, ки бо фаъъол шудани бархе аз зарфиятҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, шиддати мушкили камбуди нерӯи барқ дар ин кишвар пойин биравад.

Вале садама дар яке аз пояҳои симчӯбҳои хатти интиқоли нерӯи барқи "Ҷануб-Шимол" мушкили таъмини сокинони шимоли Тоҷикистон бо нерӯи барқро душвортар сохт.

Ширкати "Барқи тоҷик" хабар медиҳад, ки аз рӯзи душанбеи 18-уми ноябр умури бозсозии ин симчӯби дар тобистон тахрибшуда оғоз шуда ва то авохири ҳафтаи ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Ба ин далел вилояти Суғд то ин муддат бо нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳҳои шимоли Тоҷикистон таъмин шуда ва миқдоре аз нерӯи барқи мавриди ниёз аз Қирғизистон, кишвари ҳамсоя ворид карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад бештаре аз корхонаҳо дар шимоли Тоҷикистон ба далели реҷабандӣ дар интиқоли барқ дар ин минтақа аз фаъъолият бозмонда ва сокинон соъоти маҳдуд ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз рӯзи душанбеи 18-уми ноябр дар хиёбонҳои маркази вилояти Суғд дар назди мағозаву рестуронҳо ва сойири муъасиссоти мухталиф анвоъи таҷҳизоти тавлидкунандаи нерӯи барқ мушоҳида мешаванд, ки бо садои баланд барқ тавлид мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан "Барқи тоҷик" эълом карда буд, дар шаҳрҳои Душанбе, марокизи вилоёт ва шаҳрҳои Чкаловск ва Қайроққум интиқоли нерӯи барқ реҷабандӣ намешавад.

Давлати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо танҳо баъд аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз байн хоҳад рафт. Вале то он замон маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ боқӣ мемонад.

Матолиби муртабит