Ба Би-би-сӣ мегӯям: Давлати Ӯзбакистон сабри мардумашро имтиҳон мекунад?

  • 11 Ноябр, 2013
Гоз
Image caption "Гози Ӯзбакистон куҷо меравад?"

Сокинони Ӯзбакистон дар номаҳои худ ба Би-би-сӣ аз камбуди шадиди гоз ва нерӯи барқ дар вилоёти ин кишвар шикоят кардаанд.

Як сокини Ӯзбакистон навиштааст: “Камбуди гозу нерӯи барқ дар ҳамаи вилоёт ба мушкили аслӣ мубаддал шудааст. Дар рӯзҳои ахир ба ин мушкил камбуди бензин зам шуд. Фикр мекунам, давлати Ӯзбакистон сабру таҳаммули мардумро имтиҳон мекунад. Косаи сабри ҳама лабрез шудааст.”

Фарде бо номи Хуршед навиштааст: “ Корд ба устухон расидааст. Гози Ӯзбакистон ба куҷо меравад? Мардум аз истифодаи гози худӣ маҳруманд. Чи бояд кард? Ҳеч касе оташ гирифтани ҷанг дар Ӯзбакистонро намехоҳад. Вале гозу нерӯи барқ нест. Мардум ба танг омадааст. Кӯдакон аз сармо бемор мешаванд. Дар зарфи 8 соли ахир дар фасли сармо гозу нерӯи барқ нест. Аммо дар Тошканд чунин мушкил вуҷуд надорад.”

Бино ба гузоришҳои расида аз Ӯзбакистон, ба далели ба муддати се рӯз комилан қатъ шудани интиқоли гозу нерӯи барқ занҳои вилояти Самарқанд ба манзури эътироз роҳи аслии утумубилравро масдуд карданд. Ба дунболи ин иқдом мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ваъда додаанд, дар чанд рӯзи оянда мушкили камбуди гозу барқро ҳалл хоҳанд кард.

Як манбаъ дар шаҳри Ҷумъаи вилояти Самарқанд ба Би-би-сӣ гуфт, агар мардум ба ҳамчунин амали эътирозӣ даст назананд, мушкили камбуди гозу нерӯи барқ ба одати муқаррарӣ мубаддал хоҳад шуд.

Image caption Сокинони рустоҳо бо ҳезум ғизо омода мекунанд

Як тан аз сокинони шаҳри Ҷумъа ба Би-би-сӣ гуфт: “Субҳ аз соъати 7 то соъати 8 нерӯи барқ медиҳанд. Шом ҳам ба муддати як соъат барқ дорем. Сипас, соъати 11-и шаб чароғи барқӣ рӯшан мешавад. Ин чи аҳмақист? Пули гозро пардохт мекунем, вале фишори пасти гоз имкон намедиҳад, ки дар муддати ҳатто 5 соъат ғизо дуруст кунем. Ин мусибат поён дорад?”

Ронандаи токсӣ аз вилояти Қашқадарё гуфт, камбуди шадиди гозу нерӯи барқ хоси ҳамаи навоҳӣ буда ва ба рустоҳо гоз комилан мунтақил намешавад.

Ин ронанда гуфт, зодгоҳи ӯ мавсум ба Касбӣ танҳо аз моҳи декабр то моҳи март бо гози табиъӣ таъмин шуда, дар моҳҳои дигар сокинон бо истифода аз ҳезум, гози моъйе ё дар сурати будани нерӯи барқ аз он истифода мекунанд.

Ӯ гуфт: “Ба назарам, ба далели мавҷуд будани нерӯгоҳи Талимарҷон вазъи таъмини нерӯи барқ дар минтақаи Нишони вилояти Қашқадарё як андоза беҳтар аст. Ба гуфтаи писарам, ки дар ин минтақа ба ҷамъоварии ҳосили панба машғул аст, дар ин ҷо интиқоли барқ қатъ нашудааст.”

Ин мусоҳиби Би-би-сӣ гуфт, ба истиснои вилояти Қашқадарё дар куллияи вилоёти Ӯзбакистон шогирдони мадорис аз майдони панба ба хонаҳои худ бозгаштаанд. Маълум нест, ин шогирдон аз ҷамъоварии маҳсули панба фориғ мешаванд.

Як бонуи ӯзбак гуфт: “Қаблан вазъи таъмини нерӯи барқ дар шаҳри Қаршӣ хуб буд, аммо ҳоло вазъи ин шаҳр шабеҳи рустоҳо шудааст. Ба иллати камбуди барқ фарзандон дарсҳои худро омода карда наметавонанд, сатҳи омӯзиш ҳамвора поин меравад. Намедонам бо чунин вазъият то ба куҷо мерасем?”

Матолиби муртабит