Даъвати видиюии Додоҷони Атовулло аз мардуми Тоҷикистон барои тазоҳурот

Раҳбари Ҷунбиши "Ватандор" бо пахши як паёми видиюӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз муҳоҷирати корӣ даст бикашанд ва дар иваз барои "Тоҷикистони озод ва бидуни Раҳмон" мубориза кунанд.
Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори 56-солаи мухолифи давлати Тоҷикистон нахуст аз густариши раванди муҳоҷирати корӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон шадидан интиқод карда ва изҳор доштааст, ки давлати ин кишвар ба афзоиши теъдоди муҳоҷирон алоқаманд аст.
Вай афзудааст: "Мо набояд фахр кунем, ки муҳоҷир ҳастем. Зеро ҳатто дар бадтарин кишварҳои Африқо вазъ чунин нест". Дар идомаи сӯҳбати худ оқои Атовуллоҳ гуфтааст, маболиғе ки муҳоҷирон ба ватан мефиристанд, умдатан барои "чарх задани тиҷорати" пайвандони Раҳмон истифода мешаванд.
Оқои Атовуллоҳ ин суолро ба миён гузоштааст, ки "чаро қимати билети парвоз аз Душанбе ба Маскав аз қимати билети парвози миёни Маскав ва Вошингтун гаронтар аст?"
Ин мухолифи давлати Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки афзоиши хушунатҳо алайҳи муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон дар Русия ба далели сиёсати зиддирусияи оқои Раҳмон сурат мегирад. Вай аз ҷумла мегӯяд, ки ҳамарӯза дар манотиқи мухталифи Русия даҳҳо шаҳрванди тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароёни рус қарор мегиранд.
Оқои Атовуллоҳ ин суолро матраҳ кардааст, ки: "Наход 100 ҳазор мард набошад, ки ба майдон баромада ва гирдиҳамоӣ кунанд ва решаи ин ҳукуматро баркананд?" Вай афзудааст, ки "озодӣ ба осонӣ ба даст намеояд ва бояд барои он мубориза кард".
Ин мухолифи давлати Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор дода, ки ҷанг дар ин кишвар ба поён нарасидааст ва "бояд алайҳи ин ҳукумат тибқи қавоиди ҷанг рафтор кард. Онҳо душман ҳастанд ва коре мекунанд, ки ҳатто Чингизхон алайҳи душманонаш накардааст".
Дар ин ҷо оқои Атовуллоҳ аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари собиқи Ҳизби демукроти Тоҷикистон ёдовар шуда ва мегӯяд, ки "ӯро асир гирифтаанд".
Зимнан, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз як то якуним милюн нафар арзёбӣ мешавад. Ҳамасола ин афрод барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон то 3,5-4 милёрд дулор ба ин кишвар мунтақил мекунанд.
Додоҷони Атовуллоҳ дар паёми видиюии худ мегӯяд, ки "рӯзеро интизор аст, ки фарзандони оқои Раҳмон худ муҳоҷир шаванд" ва дар "бешазорҳои Русия" кор кунанд.
Оқои Атовуллоҳ ҳамчунин гуфтааст, ки вазъи феълиро "4-5 соли дигар тоқат кунем, ба ҳамагӣ ғулом мешавем... Раҳмон мехоҳад шумо ҳамеша дар муҳоҷират бошеду ғулом бимонед".
Ин нахустин паёми видиюии раҳбари Ҷунбиши "Ватандор" нест, ки дар шабакаи Ютуб мунташир шудааст. Вале ба эътиқоди соҳибназарон, ин даъфа оқои Атовуллоҳ ба мушкили умдаи ҷомеъаи Тоҷикистон рӯй оварда ва роҳи ҳалли худро барои тағйири вазъият пешниҳод кардааст.
Раҳбари ҷунбиши Ватандор ин паёми худро зери унвони "Кӯчаҳои бегонаҳоро не, режими Раҳмоновро бирӯбед!!!" мунташир кардааст.
Дар зимн, оқои Атовуллоҳ солҳост, ки ба хотири таъқиб аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар ба сар мебарад. Вай пайваста аз мақомоти Тоҷикистон, бавижа Президент Раҳмон шадидан интиқод мекунад.
Додситонии Тоҷикистон чанд маротиба алайҳи оқои Атовуллоҳ парвандаи ҷиноӣ боз карда ва дархости боздошт ва истирдоди ӯро аз ҳамтоёни руси худ карда буд.
