Додоҷони Атовулло аз боздошташ дар фурудгоҳи Тифлис хабар дод

Додоҷони Атовулло дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар бораи боздошташ дар фурудгоҳи Тифлис, пойтахти Гурҷистон хабар дод. Ӯ навиштааст, ки боздошташ бо дархости Интерпол, Пулиси Байналмиллал ва бо иттиҳомоти марбут ба ифротгароиву террурисм сурат гирифтааст.
Ба навиштаи ӯ, ҳоло мақомоти мақомоти Олмон машғули музокира бо мақомоти Гурҷистон барои озодии ӯу будаанд.
Чанд соъат қабл оқои Атовулло дар сафҳаи фейсбукаш навишт, ки боздошташ дар фурӯдгоҳи Тифлис бо дархости Интерпол ё Пулиси байналмиллал бо иттиҳомоти марбут ба ифротгароӣ ва террурисм сурат гирифтааст.
Оқои Атовулло навиштааст: "Ман дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис ҳастам. Бо дархости Интерпол ба иттиҳоми ифротгароии мазҳабӣ ва террурисм боздошт шудаам."
Пас аз чанде оқои Атовулло дар сафҳаи Фейсбукаш навиштаи дигаре чоп карда ва дар он иттилоъ медиҳад, ки то ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Тифлис қарор дорад ва марзбонони Гурҷистон дар инҷо бо ӯ муъомилаи хуб мекунанд ва иҷозаи истифодаи интернетро барояш додаанд.
Ин мухолифи аршади сиёсатҳои ҳукумати Раҳмон сипас ба шиъорнависӣ пардохта: "Зинда бод демукросӣ!... Ман ба марзбонони гурҷӣ дар бораи Раҳмонов (Эмомалӣ Раҳмон) ҳикоят кардам. Марзбонон ба ман ибрози ҳамдилӣ мекунанд. Онҳо дарк карданд, ки ман террурист нестам."
Ҷузъиёти бештар дар мавриди ин қазия дар даст нест, аммо ин рузноманигори мухолиф, ки тайи даҳсолаҳои ахир дар берун аз Тоҷикистон ба сар бурда, пайваста тавассути расонаҳои мухталиф шадидтарин иттиҳомотро ба ҳукумати Тоҷикистон ворид карда ва ахиран низ як силсила барномаҳо ва видиюҳои интиқодӣ алайҳи мақомоти Тоҷикистон аз тариқи телевизиюни К+ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ интишор додааст.
Видиюе бо тасовири маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳазорон бинандаро ҷалб кард аз миёни ин силсила аст.
Ин барои бори нахуст нест, ки оқои Атовулло дар фурудгоҳҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ боздошт мешавад.
Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор" 15-уми июл дар шаҳри Маскав ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳи Шереметево бозпурсӣ шуд ва водор сохта шуд ба Прог, пойтахти ҷумҳурии Чек баргардад.
Дар соли 2001низ ӯ дар Маскав боздошт шуда буд ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурд, аммо баъди чанде бо кумаки ҷомеъаи байналмилалӣ аз боздошт озод шуд.
Ҳамчунин дар зимистони соли 2012 ба ҷони Додоҷони Атовулло суиқасд анҷом гирифт ва дар пайи ин суиқасд ӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав бистарӣ шуд. То ҳол афроде, ки дар ин суиқасд даст доштаанд, боздошт нашудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи ин рӯзноманигор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ӯ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.
Оқои Атовулло қаблан гуфтааст, ӯ аз ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ бархӯрдор аст ва мақомоти Тоҷикистон наметавонанд аз давлати Русия тақозо кунанд, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Ҳарчанд Додоҷони Атовулло дар бораи боздошташ бо дархости Интерпол дар фурудгоҳи Тифлис хабар дод, аммо дар сойти Интерпол исми ин рӯзноманигори мухолиф шомили феҳристи афроде, ки Тоҷикистон аз интерпол хостааст боздошт кунанд, нест.
