Нашри видиюи "васиятномаи модари" Додоҷони Атовуллоҳ

  • 25 Июл, 2013
Image caption Бисёриҳо муътақиданд, ки ин видию тавассути маъмурони амниятии Тоҷикистон таҳия ва дар интернет мунташир шудааст

Дар шабакаи интернет видиюе мунташир шуда, ки тасовире аз модари Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор"-ро дар бар дорад.

Дар ин видию, ки "Васиятнома" унвон дорад ва рӯзи чаҳоршанбеи 24 июл дар сойти Яндекс мунташир шуд, ҳунарпешае матни тӯлониеро хитоб ба оқои Атовуллоҳ қироъат мекунад. Ин матн саршор аз тавҳину нафрин ва васияту насиҳат ба оқои Атовуллоҳ аст.

Дар матне, ки ин ҳунарпеша қироат мекунад, аз ҷумла аз номи модари 83-солаи Додоҷони Атовуллоҳ писари ӯ накӯҳиш шуда ва аз ӯ хоста шуда, ки мавзеъи худро дар қиболи давлати Тоҷикистон иваз кунад ва даст аз нақду интиқоди Президент Раҳмон бардорад.

Бисёриҳо муътақиданд, ки ин видию тавассути маъмурони амниятии Тоҷикистон таҳия ва дар интернет мунташир шудааст. Ҳафтае пеш гузориш шуда буд, ки раиси ҷамоъати деҳоти Ворӯи ноҳияи Панҷакент бо се маъмури дигари давлатӣ ба хонаи модари Додоҷони Атовуллоҳ рафта ва ӯро бозпурсӣ кардаанд. Онҳо аз ҷумла аз ӯ хостаанд, ки фарзандашро ба Тоҷикистон даъват кунад.

Image caption Додоҷони Атовуллоҳ хостори барканории Президент Раҳмон аз роҳи эътирозоти умумӣ шудааст

Хабаргузории "Озодагон" аз қавли яке аз пайвандони оқои Атовуллоҳ навишт: "Онҳо дар аввал фақат модари Додоҷонро дидан мехостанд. Баъд пурсиданд, ки агар мехоҳад фарзандаш ба ватан баргардад, ҳамин ҷумларо такрор кунад. Модараш ҳам гуфт, мехоҳад, фарзандаш биёяд." Пайвандони оқои Атовуллоҳ ҳамчунин хабар дода буданд, ки як корманди телевизиюни маҳаллӣ дар Панҷакент бо дурбини филмбардорӣ ба хонаи модари ӯ рафта ва тасовире аз ӯ бардоштааст. Дар видиюи мунташиршуда ба номи "Васиятнома" зоҳиран аз ҳамин тасовир истифода шудааст.

Пахши ин видию танҳо иқдоме нест, ки дар вокуниш ба интиқодоти шадиди оқои Атовуллоҳ аз давлати Тоҷикистон, бавижа шахси раисҷумҳур, дар шабакаи телевизиюнии К+ алайҳи ин рӯзноманигори мухолифи давлат анҷом мешавад. Қаблан, афроди тарафдори Эмомалӣ Раҳмон сафаҳоти тақаллубие дар бораи ӯ ва модараш дар шабакаи Фейсбук боз карда буданд. Дар сафҳаи тақаллубии марбут ба оқои Атовуллоҳ тасовири таҳрифшудаи ӯ тавассути Футушуп мунташир шуд. Аммо бо шикоёти мутаъаддиди корбарони Фейсбук ин сафаҳоти тақаллубӣ ҳазф шуд. Ҳамчунин афроде ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ин рӯзноманигори мухолифи давлат ва раҳбари ҷунбиши "Ватандор"-ро нафрин ва тавҳин мекунанд. Бештари ин афродро, ки ҳувияташон маълум нест, корбарони Фейсбук "довталаб" (доброволетс) лақаб дода ва ишора мекунанд, ки ин афрод маъмурони амниятие ҳастанд, ки барои саркӯби мухолифони Эмомалӣ Раҳмон дар фазои маҷозӣ басиҷ шудаанд. Гурӯҳҳои "довталаб" то кунун раҳбарони аҳзоб ва гурӯҳҳои дигари мухолиф, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби сусиёл-демукротро низ ҳадаф қарор додаанд. Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон милюнҳо дулор барои ҳифзи маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи интихобот ва ончи "ҷанги иттилоъотӣ" алайҳи мухолифон номида шуда, сарф мекунад, то пирӯзии ӯро дар интихоботи ояда таъмин кунад.

Корзори тавҳину иҳонат ба Додоҷони Атовуллоҳ дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пас аз он, ки ӯ пораҳои филме дар бораи ҷашни арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистонро, дар телевизиюни "К+" пахш кард, шиддат гирифт.

Image caption Талошҳои мақомоти тоҷик барои боздошти Додоҷони Атовуллоҳ то кунун бенатиҷа будааст

Дар ин барнома ӯ оқои Раҳмонро ба нақзи қавонин ва фасоди густарда ва табдили кишвар ба як коргоҳи хонаводагӣ тайи ду даҳаи раёсаташ муттаҳам кард ва хостори барканории ӯ аз роҳи эътирозоти умумӣ шуд. Пахши ин видию асароти ҷиддие бар афкори умумӣ гузошта ва дар тамомии сутӯҳи давлат низ ҳамагон "суҳбат аз ин видию" мекунанд. Аз сӯйи дигар, талошҳои мукаррари давлати Тоҷикистон барои боздошти Додоҷони Атовуллоҳ то кунун натиҷае надодааст.

Нозирон мегӯянд, ки ҳадафи маъмурони давлатӣ аз бозпурсӣ ва озору азияти модари Додоҷони Атовуллоҳ водоштани ин рӯзноманигори мунтақиди Эмомалӣ Раҳмон ба сукут дар остонаи интиъоботи раёсати ҷумҳурӣ аст, коре ки баъид аст самаре дар пай дошта бошад. Баръакс, ба гуфтаи як диплумоти ғарбӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, озору азияти ин зани солманд нақзи ошкори ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад, ки давлати Тоҷикистон базудӣ водор хоҳад шуд, ки барои ин кор тавзеҳоте ба ҷомеъаи байналмилалӣ ироа бидиҳад.

Матолиби муртабит