Раҳмон: Ҳар базаҳкоре бояд ба сазои аъмолаш бирасад

  • 21 Ноябр, 2013
Эмомалӣ Раҳмон
Image caption Эмомалӣ Раҳмон аз маъмурони пулис хоста, нисбат ба қонуншиканӣ сахтгир бошанд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, афроде, ки муртакиби ҷурме мешаванд, сарфи назар аз ин ки фарзанди чи касе ҳастанд, бояд ба сазои аъмолашон бирасанд.

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштааст. Дидори ӯ бо маъмурони пулис ба манзури муъаррифии муҷаддади Рамазон Раҳимов ба унвони вазири кишвар сурат гирифт.

Ҳарчанд раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз касе мушаххасан ном набурда, вале ба гуфтаи соҳибназарон, ба эҳтимоли зиёд ишораи оқои Раҳмон ба сонеҳаи маргборест, ки Расули Амонуллоҳ, фарзанди Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар он мазнун аст.

Дар ин ҳодиса се нафар ҷони худро аз даст дода ва се нафари дигар бо ҷароҳатҳое ба бемористон мунтақил шуданд. Пулиси Тоҷикистон нахуст дар ин ҳодиса Расули Амонуллоҳи 16-соларо муқассир донист.

Аммо ахиран вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки Умар Шарипов, як сокини шаҳри Душанбе, низ дар ин ҳодиса ширкат доштааст. Пулис мегӯяд алайҳи ҳамсари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба иттиҳоми нақзи қонун дар бораи масъулияти волидайн парвандаи идорӣ боз шуда ва барои муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Image caption Сонеҳаи маргборе дар хиёбони марказии Душанбе шаби 9-уми октябр рух дод

То ҳол дар бораи итиҳомоти ворида алайҳи Расули Амонуллоҳ иттилоъи расмӣ пахш нашудааст. Вале оқои Ҳукуматуллоҳ бо чопи матлабе дар нашрияи “Нақлиёт” хабарнигоронро ба интишори ахбори бепоя ва таҳвиномез мутаҳҳам кард ва изҳор дошт, ки писараш сари фармони ин худрав набудааст.

Тайи чанд соли ахир аз сонеҳаҳои мушобеҳ ва қазоёи ҷанҷолбараангез бо ширкати фарзандони мақомоти баландпояи Тоҷикистон гузоришҳое мунташир шуда ва ин афрод аз пайгарди қонунӣ муъоф шудаанд.

Се сол қабл дар як сонеҳа, ки боъиси марги як сокини шаҳри Душанбе шуд, фарзанди Эркин Раҳматуллоев, мушовири аршади Президент Раҳмон, муқассир дониста шуда буд. Вале ин парванда ба додгоҳ нарафт.

Ду сол пеш писари Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви порлумон, низ дучори сонеҳае шуд, ки ба кушта шудани як сокини ноҳияи Файзобод анҷомид. Вале пайвандони ин ҷавон аз даъвои худ алайҳи фарзанди оқои Кабирӣ даст кашиданд ва ӯ муҷозот нашуд.

Ахиран расонаҳои маҳаллӣ аз боздошти писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус, ба занни интиқоли маводди мухаддир дар фурӯдгоҳ хабар доданд. Сипас, ахбори зидду нақизе пахш шуд, ки бар асоси онҳо яке аз пайвандони дигари оқои Қоимдодов мазнун дониста шудааст.

Image caption Матбӯъоти Тоҷикистон фарзанди Амонулоҳ Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон"-ро масъули сонеҳае маргбор муъаррифӣ кардааст

Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, ки барои ҳар маъмури пулиси роҳ рӯшан аст, ки сари фармони худравҳои гаронқимат фарзандони мақомоти баландпоя ва сарватманд менишинанд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар мавориде маъмурони пулиси роҳ ҳангоми ҳаракати чунин худравҳо бо ишораи даст ба ронандагонашон арзи эҳтиром мекунанд.

Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигори тоҷики муқими Қирғизистон, мегӯяд: “Фикр мекунед, корманди пулиси роҳ ҷуръат дорад, ки ба хотири вайрон кардани қоъидаи ҳаракати роҳ узви хонаводаи мансабдори давлатиро ҷазо бидиҳад? Шакке дар манфӣ будани посух нест."

Шояд ба ин далел будааст, ки тайи як соли ахир бо дастури мақомоти баландпоя соҳибони ин худравҳо шумораҳои рунди худро ба шумораҳои маъмулӣ иваз карданд.

Вале ба гуфтаи соҳибназарон, маъмурони пулиси роҳ шумораҳои ҷадиди куллияи ин ронандаҳоро низ ҳамакнун медонанд ва ҳамчунон нисбат ба онҳо муносибати нарм доранд.

Оқои Бекмуҳаммад мегӯяд: “Вале чаро ин ноздонаҳо худро «шоҳи ҷодда» меҳисобанд? Зеро бачагиву наврасияшонро бо мушоҳидаи саҳнаҳое сипарӣ кардаанд, ки ҳамеша тасдиқи бартарии падаронашон бар дигарон будааст.”

Image caption Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ аз чеҳраҳои саршинос ва тавонои кобинаи Президент Раҳмон маҳсуб мешавад

Президент Раҳмон дар дидори ахири худ бо кормандони пулис гуфтааст: “Инсон дар ҷомеъаи демукротики Тоҷикистон арзиши олӣ маҳсуб мешавад ва шумо барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамаи кӯшишу ғайрати худро равона намуда, бо олами ҷиноӣ оштинопазир бошед.”

Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, ки танҳо бо сухан гуфтан ҷилавгирӣ аз нақзи қонун тавассути фарзандони мақомҳои давлатӣ ғайримумкин аст. Бояд муқаррароти сахтгиронатаре ба роҳ андохт ва аз ҷумла волидони онҳо бояд муҷозот шаванд.

Вале Сайфуллоҳ Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти роҳбурдии Тоҷикистон, аз изҳори назари ахири Президент Раҳмон истиқбол кард.

Вай гуфт: “Ин қисми аз ҳама муҳимми мубориза бо ҷароим аст.Чун раиси ҷумҳурӣ ба қонуншиканӣ вокуниш кард, пас ҳама инро ҷиддӣ мегиранд ва ба фарзандонашон мефаҳмонанд. Ҳарчанд, мансабдорон вақти бо фарзандашон кор кардан ҳам намеёбанд."

Матолиби муртабит