Кушта шудани се нафар дар сонеҳае дар Хатлон

  • 21 Октябр, 2013

Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ду кӯдак ва як зан дар сонеҳае дар вилояти Хатлон хабар додааст. Кудакони кушташуда дар ин сонеҳа тақрибан ду ва сесола будаанд.

Тавре, ки дар сойти расмии ин ниҳод омада, ин ҳодиса, рӯзи 19 октябр дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рух додааст.

Маъмура Қаландарова, ронандаи ҷавони мошине будааст, ки мошинаш ба ҳангоми ҳаракат берун аз роҳи утумубилгард дар наздикии мазореъи кишоварзӣ ба ҷӯйбӣор сарозер шудааст.

Дар натиҷа сарнишинони ин мошин як зан ва ду кӯдак ҷони худро аз даст дода ва худи ронанда аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст. Маъмура Қаландарова, сокини ноҳияи Шаҳритус корманди як ширкати кишоварзӣ дар ин ноҳия будааст.

Бар асоси иттилоъи пулис аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои кишвар беш аз 1120 сонеҳа рух дода, дар асари онҳо 360 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 1240 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.