Сонеҳа дар хиёбони марказии Душанбе ҷони се нафарро гирифт

  • 10 Октябр, 2013
Сонеҳаи роҳ
Image caption Ин сонеҳа, ки баъд аз нимашаби 8 октябр дар ин макон рух дода, чароғи роҳнаморо низ хароб карда буд (акс аз сойти ВДТ)

Бар асоси иттилоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар як сонеҳа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе се нафар кушта ва се фарди дигар ҷароҳоти сангин бардоштаанд.

Дар хабаре, ки рӯзи 9 октябр дар сойти расмии ин вазорат пахш шуд, омада, ки ронандаи мошини "БМВ" бо шумораи давлатии ВМ 20-20 РТ 01 "ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ" рафта ва ба мошини дигаре бархӯрд кардааст.

Ин сонеҳа, ки баъд аз нимашаби 8 октябр дар ин макон рух додааст, чароғи роҳнамои мавҷуд дар чаҳорроҳи хиёбони марказӣ дар наздикии боғи Рӯдакиро низ хароб кардааст.

Ҳарчанд дар хабарҳои расмӣ дар сойти вазорати умури дохилӣ маъмулан ҳувияти ронандагони мошинҳое, ки дучори сонеҳа шудаанд, ифшо мешуд, вале ин бор зимни пахши хабар асомии ин афрод ва кушташудагон ошкор нашудааст.

Аз сӯйи дигар, бархе аз шоиҳдони айнӣ, аз ҷумлаи ронандагони худравҳои хусусӣ, ки ба унвони токсӣ дар ин макон кор мекунанд ва шоҳиди ин ҳодиса буданд, яке аз ронандагоне ки дучори сонеҳа шуд, фарзанди як мақоми баландпояи Тоҷикистон будааст

Бештари ин ронандагон, ки бо мулоҳизоти амниятӣ аз гирифтани номашон худдорӣ карданд, ба раҳбари ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ишора карданд.

Аммо хабаргузории маҳалли "ASIA-Plus" аз қавли манобеъи пулис навишта, ки дар ин сонеҳа яке аз пайвандони 21-солаи оқои Ҳукумов муқассир будааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, қурбониёни ин сонеҳа кормандони чойхонаи "Роҳат" будаанд. Аз ҷумла, писари раиси ин чойхона дар ин сонеҳа кушта шудааст.

Масъулони идораи бозрасии утумубилии Тоҷикистон аз шарҳи бештари ин ҳодиса ва афроди муқассир дар он худдорӣ карданд.

Ин барои бори нахуст дар Тоҷикистон нест, ки фарзандони мақомоти баландпоя дар ин кишвар исмашон ба сонеҳа ва тасодумҳое марбут аст, ки мунҷар ба марги сокинон мегардад.

Аммо гуфта мешавад, ки аксари ин афрод бемуҷозот мемонанд ё муҷозоти сабук мешаванд.

Матолиби муртабит