Сонеҳа ҷони як афсарро гирифт

  • 24 Июн, 2013

Бар асари сонеҳаи утумубилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як афсари Вазорати дифоъи Тоҷикистон кушта ва 33 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ин ҳодиса рӯзи гузашта дар минтақаи Ҳушёрӣ рух дода ва комюни “Камаз”, ки сарбозону афсаронро ба вилояти Суғди ин кишвар интиқол медод, ба рудхонаи Варзоб сарозер шудааст.

Дар натиҷа, Баёнқул Холов, афсари ин вазорат ҷон бохта, 2 афсару 31 сарбоз маҷрӯҳ шуда ва ба бемористони низомӣ ва Маркази тиббии Қарияи Боло мунтақил шудаанд.

Ҳамакнун пулиси роҳи Тоҷикистон ба мушаххас кардани илали ин ҳодиса пардохтааст.