27 сонеҳа дар ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон

  • 23 Сентябр, 2013

Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар натиҷаи сонеҳаҳои утумубилӣ ҳашт нафар кушта шуда ва 24 нафари дигар ҷароҳоти гуногун бардоштаанд.

Бар асоси иттилоъи идораи бозрасии утумубилӣ аз 16 то 22 сентябр дар роҳҳои утумубилрави Тоҷикистон 27 сонеҳа рух дода ва шумори зиёде аз онҳое, ки бар асари ин ҳодисот ҷон дода ва ё захмӣ шудаанд, аз ҷумлаи ноболиғон будаанд.

Пулис мегӯяд, сабаби аслии рух додани сонеҳаҳо риъоят нашудани қонуни ҳаракат дар роҳ будааст.

Дар соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон як ҳазору 113 сонеҳа ва мавориди қонуншиканӣ рух додааст, ки дар натиҷаи онҳо 325 нафар ҷон дода ва беш аз як ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи пулиси роҳ ин омор дар муқоиса бо омори мушобеҳи соли гузашта андаке бештар аст.