Кушта шудани чор ноболиғ дар сонеҳаҳо

  • 9 Октябр, 2013

Аз авоили моҳи ҷорӣ дар асари сонеҳаҳо дар роҳҳои утумубилгарди кишвар дасти кам 15 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 35 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бар асоси иттилоъи идораи бозрасии утумубилии вазорати кишвар дар ин муддат дар роҳҳо беш аз 35 сонеҳа рух дода ва чаҳор нафар аз фарди кушташуда афроди ноболиғ будаанд. Яке аз онҳо ҳамагӣ чор сол доштааст, дар моҳи октябр дар сонеҳае дар шаҳри Норак кушта шудааст.

Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои кишвар беш аз 1180 сонеҳа рух дода, ки бар асари он 344 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 1140 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.