Корзорҳои эманӣ барои хурдафурӯшони канори роҳҳои кӯҳистонӣ

  • 3 Июл, 2013
Кӯдакони фурӯшанда
Image caption Ҷавонон ва ноболиғони манотиқи кӯҳистони назди ҷодаҳо гиёҳои нодирро ба мусофирони роҳ мефурӯшанд

Пулиси роҳ дар Хатлон дар миёни афроде, ки дар канори роҳҳои утумубилгард ба фурӯши маводди мухталиф машғул ҳастанд, корзори эманӣ анҷом доданд. Ин корзорҳо дар ҳумаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён баргузор шудааст.

Ёрмаҳмад Давлатов, як масъули бозрасии утумубилии бахши вазорати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом омӯхтани муқаррароти эманӣ барои афроде будааст, ки дар канори роҳҳо хурдафурӯшӣ мекунанд. Гуфта мешавад дар вилояти Хатлон мавориди зиёди маргу мири сокинон бар асари сонеҳаҳои утумубили сабт шудааст.

Афроде, ки дар канори ҷоддаҳо хурдаффурӯшӣ мекунанд, аксаран занону ҷавонон аз манотиқи рустоӣ ҳастанд, ки ба канори роҳҳо маҳсулотҳои кишоварзӣ, ё маводди дигари ғазоии мавриди ниёзи роҳгузаронро ба фурӯш мегузоранд. Бархе аз ин фурӯшандангон мегӯянд, ки аз ин тиҷорат даромади рӯзгори хонаводаҳояшонро таъмин мекунанд.

Image caption Оқои Давлатов гуфт, корзорҳои эманӣ барои коҳиши ҳаводиси нохуш дар ҷодаҳои кӯҳистонӣ лозиманд

Занону духтарони ҷавон бештар ширу равған ва қаймоқро, ки аз ҳайвоноти аҳлии худ исеҳсол мекунанд ба фурӯш мегузоранд.

Дар ҷоддаҳо кӯдаконе ҳам ба чашм мехуранд, ки гиёҳои нодирро аз домани кӯҳсор ҷавмоъарӣ карда ва ба мусофирон мефурӯшанд. Ин кӯдакон бештар дар фаслҳои баҳору тирамоҳ ба назар мерасанд.

Аммо маъмурони пулиси роҳ мегғянд, ки бархе авқот волидони ин кӯдакон намедонанд, ки тиҷорат дар канори ҷодаҳо чӣ хатаротеро барои фарзандонашон дар пай дорад.

Санавбар, як сокини ноҳияи Хуросон аст, ки дар тобистон об ва нӯшокиҳо ва сабзаҷоро дар ҷойҳои муъхталифи роҳҳо ба фурӯш мебарорад. Ин хонум мегӯяд, ки фикр ҳам накардааст, ки шуғли вай хатарзо будааст.

Вай афзуд: “Ман бештар дар фикри ба даст овардани даромади молӣ барои хонавода ҳастам. Мебинам мошинҳои зиёд бо суръати зиёд ҳаракат мекунад, вале ман талош мекунам, ки маҳсулоти худамро барои онҳо муъаррифӣ кунам, то онҳо ин маводдро харидорӣ кунанд. Росташро бигӯям аз ин кор хаста шудаам. Кош метавонистам ҷойи кори дурусте бо даромаде пайдо кунам.”

Бахтиёр Ҷумаев, як ронанда аст ки батозагӣ дар роҳҳои мунтаҳӣ ба вилояти Хатлон ронандаи токсӣ шудааст. Ӯ мегӯяд : “Дар рӯзҳои нахустини ронандагиям қариб буд, яке аз кӯдаконе, ки мева мефурӯшанд зери чархи мошинам биуфтад. Вале ҳоло чун медонам, ки дар кадом қисмате аз роҳ фурӯшдагон ҳастанд, дар он роҳ мошинро боэҳтиёт меронам.”

Дар баҳори соли гузашта, як писарбачаии гулфӯруш дар масири Душанбе Қӯрғонтеппа дар ноҳияи Хуросон дар асари як сонеҳа ҷони худро аз даст дода буд. Ин писар ба фурӯхтани гули сияҳгӯш машғул будааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ аз аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 144 сонеҳа рух додааст, ки дар натиҷа онҳо 70 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Ба гуфти Ёрмаҳмад Давлатов, як масъули пулиси роҳи вилояти Хатлон ин омор дар муқоиса ба даврони мушобеҳ дар соли гузашта даҳ дарсад афзоишро нишон медиҳад. Ва ӯ афзуд, ки дар миёни ин фавтидагон кӯдакон низ буданд.

Матолиби муртабит