Кушта шудани як кӯдаки чорсола дар сонеҳа

  • 15 Апрел, 2013

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани як кӯдак дар сонеҳае дар ноҳияи Рӯдакӣ, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Душанбе хабар додааст.

Пулис гуфтааст, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки гунаҳкори ҳодисаи сонеҳа ронандаи мошини тамғаи “Чанху” будааст.

Дар сойти расмии ин вазорат дар рӯзи душанбеи 15 апрел омадааст, ки ронанда мошинро дар нишеби роҳи гузошта ва дар натиҷа мошин бидуни ронанда ба ҳаракат даромадааст.

Дар ин хабар мехонем, ки ин мошин ба масофаи ҳудуди 100 метр бидуни ронанда ҳаракат мекунад ва сипас ба садди яке аз манозили маскунии рустои Сароби ин ноҳия бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин тасодум як кӯдаки чорсола кушта ва як кудаки дигаре, ки се сол доштааст, захмӣ шудааст. Ҳамчунин, ду зани дигар аз ҷумлаи сарнишинони мошин низ ҷароҳат бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Пулис мегӯяд, ки таҳқиқоти ин парванда ва сонеҳаи дигареро, ки дар натиҷаи он ду нафар ҷони худро аз даст додаанд, оғоз кардааст. Ба гузориши кормандони Вазорати умури дохила сонеҳаи дигар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Айнӣ рух додааст, ки дар натиҷа ронанда ва мусофири он кушта шудаанд.

Ба гуфтаи пулис ронандаи ин мошин натавонистааст, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин кунад. Дар натиҷа, мошин аз баландии 200 метр ба рӯдхонаи Зарафшон сарозер шудааст.