Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон сонеҳаҳо дар роҳ 23 кушта дод

  • 3 Май, 2013
Сонеҳа
Image caption Бисёре аз ҳуқуқдонҳо сангинтар кардани ин муҷозотро яке аз роҳҳои коҳиши "бенизомиҳо" дар ҷоддаҳои Тоҷикистон медонанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани чаҳор нафар дар тасодуфҳои рӯзҳои ахир хабар додаанд.

Дар миёни қурбониёни ду тасодуф, ки рӯзи якуми май рух додаанд, як кӯдаки ҳудуди дусола низ будааст. Дар ин бора пулиси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тасодуфи аввал дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи шаҳри Душанбе рух дода ва ронандаи худрав модар ва кӯдаки ӯро, ки дар канори ҷодда меистоданд, пахш кардааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса модари кӯдак ҷароҳоти сангин бардоштааст.

Ҳодисаи дигар дар вилояти Суғд рух дода, ки дар он ду худрав тасодуф карда ва се нафар аз сокинони ноҳияи Ашти ин вилоят ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзи якшанбеи 28 апрел низ дар тасодуфи утумубилӣ дар Хатлон ҳафт нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати умури дохила барои ҷилавгирӣ аз тасодуфоти утумубилӣ аз 17-уми апрел дар Тоҷикистон барномаи вижаеро зери унвони “Чароғаки раҳнамо” роҳандозӣ кардааст, аммо бо ин вуҷуд дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон 23 нафар аз сокинони кишвар дар тасодуфҳо ҷони худро аз даст дода ва беш аз даҳ нафар ҷароҳот бардоштаанд. Дар миёни ин афрод се кӯдаки зери синни панҷсола низ буданд.

Болотарин муҷозоти дар Тоҷикистон барои кушта шудани афрод дар натиҷаи нақзи қавонини ҳаракат дар роҳ - ҳабси абад дар колонии озод аст. Бисёре аз ҳуқуқдонҳо сангинтар кардани ин муҷозотро яке аз роҳҳои коҳиши "бенизомиҳо" дар ҷоддаҳои Тоҷикистон медонанд.

Матолиби муртабит