Хабарнигори “Pressa.tj” дар сонеҳае утумубилӣ ҷони худро аз даст додааст
Барно Абдураҳмонова, як гузоришгари ҷавони хабаргузории Pressa.tj дар натиҷаи сонеҳае дар хиёбони Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, ҷони худро аз даст додааст.
Ба гузориши ҳамин хабаргузорӣ ин ҳодиса ҳудуди соъати 22:00 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии теотри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рух додааст.
Шоҳидони айнии ин ҳодиса гуфтаанд, ки дар натиҷаи бархурди ду утумубил дар роҳ яке аз ин мошинҳо аз роҳ берун баромадааст ва Барно Абдураҳмоноваро, ки дар канори ҷода меисод аз пой афтонд.
Ба гуфтаи пайвандони Барно, ӯ пас аз 40 дақиқаи ба вуқӯъ омадани ин ҳодиса ба утоқи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло интиқол ёфтааст.
Аммо дар соъати 02:00 субҳ ӯ дар натиҷаи ҷароҳоти бардошта дар сонеҳа даргузаштаст.
Тибқи иттилоъи пулиси роҳи Тоҷикистон, Рустам Усмонов, ронандаи яке аз утумубилҳоест, ки сонеҳааш боиси марги Барно Абдураҳмонова шуд.
Рустам Усмонов боздошт шуда ва ронандаи дигар дар ҷустуҷӯй қарор доштааст.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 30 нафар аз сокинони кишвар дар тасодуфҳо ҷонҳои худро аз даст дода ва беш аз даҳ нафар захмӣ шудаанд. Дар миёни ин афрод чор кӯдаки зери синни панҷсола низ будааст.
