Кушта шудани ду кӯдак дар сонеҳаҳои утумубилӣ дар вилояти Суғд
Вазорати умури дохила хабар медиҳад, ки ду кӯдаки зери ҳафт сол дар ду тасодуфи утумубилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон кушта ва як кӯдаки дигар шадидан захмӣ шудаст.
Бар асоси хабари сойти расмии ин вазорат, ки рӯзи душанбеи 13 май пахш шуда тасодуфҳои утумубилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон рӯзи якшанбеи дирӯз рух додааст.
Тавре, ки дар хабар омадааст, ронандаи худрави “ВАЗ-2107” дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кунтрули мошинро аз даст дода ва бо мошини "Ҳундо СРВ" бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин тасодуф мусофири худрави “ВАЗ-2107” Осимхон Ҳусейнови 7-сола ҷароҳати сангин бардошта ва ҷони худро аз даст додааст. Ҳамчунин мусофири дигари он, Аминҷони панҷсола шадидан захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтааст.
Ҳодисаи дигари тасодуфи утумубилӣ, дар ноҳияи Мастчоҳи ин вилоят рух додааст, ки дар натиҷаи он як кӯдаки панҷсола ҷони худро аз даст додааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи гузоришҳои расмӣ дар як моҳи ахири соли ҷорӣ дар тасодуфҳои утумубилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 30 нафар, ки дар миёни онҳо як кӯдаки дусола низ будааст, ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин рӯзи якшанбеи 28 апрел низ дар тасодуфи утумубилӣ дар Хатлон ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд.
