Сонеҳа дар Бартанг ҷони панҷ нафарро гирифт
Дар асари як сонеҳаи роҳ дар дараи Бартанг, дар вилояти кӯҳистонии Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, дастикам панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Ин сонеҳа рӯзи душанбеи 5 август дар наздикии рустои Виранҷави деҳистони Савноб, дар 80 килуметрии маркази ноҳияи Рӯшон, иттифоқ уфтодааст.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ҳангоми ҳаракат дар ин роҳ як мошини навъи УАЗ бо ронанда ва чаҳор сарнишинаш аз роҳ мунҳариф шуда ва аз баландӣ ба рӯдхонаи Бартанг сарозер шудааст.
Дар миёни ин афрод ду нафар донишҷӯ будаанд. Гуфта мешавад ин мошин аз шаҳри Хоруғ ба самти яке аз рустоҳои дараи Бартанг ҳаракат мекард.
То кунун ҳеч асаре аз ронанда ва сарнишинони ин мошин пайдо нашудааст. Кормандони пулис дар маҳал машғули ҷустуҷӯйи аҷсоди ронанда ва сарнишинон ҳастанд.
Дараи Бартанг аз дараҳои тангу душворгузари кӯҳистонӣ ва хатарнок дар вилояти Бадахшон аст, ки роҳи он тайи солҳои зиёде тармим нашудааст.
Ҳамасола дар фасли зимистон ва ҳангоми боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг дар тобистон роҳ ба бархе аз рустоҳои дараи Бартанг масдуд мешавад.
