Пулис ҳувияти фарди муқассир дар сонеҳаи маргбор дар Душанберо эълом кард

  • 11 Октябр, 2013
сонеҳа
Image caption Ин сонеҳаи маргбор шаби нуҳум ба даҳуми октябр дар яке аз ҷоддаҳои марказии Душанбе рух дод

Пулиси Тоҷикистон ҳувияти фарди муқассир дар сонеҳаи маргбор дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанберо эълом кард.

Гуфта мешавад, ки сари фармони худрави "БМВ" бо шумораи давлатии ВМ 20-20 РТ 01 Расул Амонуллоҳи 16-сола нишаста буд, ки феълан аз маҳалли зисташ мамнуъулхурӯҷ шудааст.

Ин сонеҳаи маргбор баъд аз нимашаби 8 октябр дар дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух дод.

Дар иттилоъияи пулиси Тоҷикистон омадааст, ки ронандаи худрави "БМВ" "шаҳрванд Расули Амонулло соли таваллудаш 1997, дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи "ВАЗ-21014" таҳти идораи ронанда Саидов Аловуддин Аҳлиддинович бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст."

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса Аловуддин Саидов, ронандаи худрави "ВАЗ" ва каме дертар ду мусофираш ҷони худро аз даст додаанд ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шудаанд.

Дар сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон омадааст: "Маталиев Шокир Юсупович соли таваллудаш 1987, Ахмедова Мадина Акрамовна соли таваллудаш 1992 ва Рӯзиева Азиза Ибодовна соли таваллудаш 1989 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ шудаанд."

Гуфта мешавад, ки дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи он идома дорад.

Иддаъо мешавад, ки ҳамаи мусофирони худрави "ВАЗ" кормандони чойхонаи "Роҳат"-и шаҳри Душанбе буданд ва Ӯктам Мансурови 25-сола писари раиси ин чойхона будааст.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки Расул Амонулло писари Амонулло Ҳукум, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст. Худи Расул Амонулло қаблан дар шабакаҳои иҷтимоъӣ хабар дода буд, ки худрави "БМВ"-ро бар ивази 27 ҳазор дулор харидорӣ кардааст.

Мусаллам аст, ки бо таваҷҷуҳ ба синну солаш Расул Амонулло худ наметавонист ин маблағро ҷамъоварӣ кунад. Ҳамчунин тибқи қавонини Тоҷикистон афроди зери 18 сол ҳаққи ронандагии худравҳоро надоранд.

Шояд далели ба синни балоғат нарасидани ӯст, ки то ҳол дар бораи боздошти Расул Амонулло иттилоъи расмӣ пахш нашудааст.

Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, ки тақрибан ҳар шаб дар ҷоддаҳои Душанбе ба истилоҳ "мусобиқаи ронандагии" худравҳои фарзандони бархе аз мақомоти баландпоя ва тоҷирони маъруф сурат мегирад, ки бархе аз онҳо дучори сонеҳа низ мешаванд.

Матолиби муртабит