Сонеҳа дар шимоли Тоҷикистон ҷони 8 нафарро рабуд

  • 19 Август, 2013
Сонеҳа дар роҳ
Image caption Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар асари сонеҳаҳои утумубилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 271 нафар аз сокинон кушта шудаанд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ҳашт нафар дар сонеҳае дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Бар асоси иттилоъи Идораи бозрасии утумубилии ин вазорат, дар ин сонеҳа ҳамчунин ду нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон шадидан захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Тавре ки як масъули ин идора, рӯзи душанбеи 19 август ба Би-би-сӣ гуфт, сонеҳаи утумубилӣ баъд аз зӯҳри 17 август дар ноҳияи Ғончии ин вилоят рух дода ва бар асари он ронандаҳои ду утумубиле, ки бо ҳам бархӯрд кардаанд, ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ ҳамчунин сонеҳа ҷони шаш нафар аз мусофирони ин мошинҳоро рабудааст.

Ин ҳодиса дар 250 километри шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок рух дода ва дар ин сонеъа як зани 29 сола ва навҷавони 14 сола низ ҷароҳати сангин бардошта ва дар яке аз бемористонҳои вилояти Суғд бистарӣ шудаанд.

Кормандони пулис мегӯянд, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки сабаби сонеҳа риъоят нашудани қонуни ҳаракат дар роҳ будааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл дар асари як сонеҳаи роҳ дар дараи Бартанг, дар вилояти Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, чор нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дар сонеҳаҳои утумубилӣ беш аз 270 нафар ҷон дода ва ҳудуди як ҳазор нафар аз сокинон ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари қурбониёни сонеҳаҳои утумубилӣ дар роҳҳои ин кишвар аз ҷумлаи кӯдакон ва навҷавонон будаанд.

Матолиби муртабит