Сонеҳа дар вилояти Бадахшон ҷони чор нафарро рабурд

  • 28 Октябр, 2013

Пулиси роҳ аз кушта шудани чор нафар дар як сонеҳа дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мошини тамғаи “Тойота-ланд Крузер” бо шаш нафар аз мусофирон ба рӯдхонаи Панҷ сарозер шудааст.

Дар ин сонеҳа, ки рӯзи якшанбеи 27 октябр дар рустои Шпати ноҳияи Рӯшон рух додааст, се мусофир бо иттифоқи ронандаи ин мошин ҷонҳои худро аз даст додаанд, ки дар миёни афроди кушташуда як кӯдаки се сола низ будааст. Се нафари дигар ҷароҳоти сангин бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Кормандони пулис мегӯянд, ки таҳқиқоти муқаддамотии ин воқеъа ҳокист, ки сабаби ин сонеҳа баланд будани суръати ҳаракати утумубил будааст.

Бино ба иттилоъи кормандони Идораи бозрасии утумубилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ду рӯзи ахир, дар ин кишвар бар асари сонеҳаҳо дар роҳҳо ҳашт нафар ҷонҳои худро аз даст дода ва ҳафт нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.