Интисоби Рустами Эмомалӣ ба раёсати гумруки Тоҷикистон

  • 30 Ноябр, 2013
Рустами Эмомалӣ
Image caption Бархе аз соҳибназарон муътақиданд, ки оқои Раҳмон фарзандашро барои гирифтани зимоми қудрат дар Тоҷикистон омода мекунад

Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисҷумҳури Тоҷикистон, ки қаблан муъовини раиси Идораи гумрук буд, дар нахустин ҷаласаи кобинеи ҷадиди ин кишвар ба раёсати гумрук мансуб шудааст.

Бар асоси иттилоъи торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи кобинеи ҷадид, ки субҳи рӯзи шанбеи 30 ноябр доир шуд, дар канори масоили дигар масоили кодрӣ низ баррасӣ шуда ва бархе аз мақомот аз симатҳои худ азл ва афроди дигар ҷойгузини онҳо шудаанд.

Аз ҷумла, Бахтия Муҳаммадиева ба сабаби бознишастагӣ аз раёсати Ожонси оомор барканор ва Гулнора Ҳасанова, раиси собиқи "Амонатбонк", ҷонишини ӯ шудааст. Ҷамшед Норинов ба ҷойи хонуми Ҳасанова раёсати "Амонатбонк"-ро ба уҳда гирифтааст.

Ҳамчунин Абдувалӣ Комилов раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Ҳомидҷон Ҳасанов раиси Ожонси беҳдошти замин ва обёрӣ, Мурод Ҷумъаев раиси Идораи заминшиносӣ, Азизулло Исматов раиси Ожонси ҷангал ва Ашӯралӣ Мирзоев муъовини раиси Идораи гумрук таъйин шудаанд.

Интисоби Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури ТОҷикистон, ба раёсати Идораи гумрук аз муҳиммтарин интисоботи имрӯз маҳсуб мешавад. Вай дар ин мақом ҷойгузини Гурез Зарипов шуд, ки ба иллати бознишастагӣ аз симати раёсати идораи гумрук барканор шудааст.

Рустами Эмомалӣ, 25-сола, ҳамзамон раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон аст. Гуфта мешавад вай ба футбол алоқаи зиёде дорад ва таъсиси тими мавсум ба "Истиқлол" бештар ба номи ӯ муртабит аст.

Писари раисҷумҳури Тоҷикистон фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва гуфта мешавад таҳсилоташ дар хориҷ аз кишвар натоиҷи чандон муваффақе ба дунбол надоштааст.

Қабл аз расидан ба мансабҳои аршади давлатӣ дар Идораи гумрук Рустами Эмомалӣ муддате узви маҷлиси маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе буд. Замоне муъовинати раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистонро низ, ки як созмони шибҳидавлатӣ ва бозмонда аз Шӯравӣ маҳсуб мешавад, ба уҳда гирифт.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки боло рафтани басуръати Рустами Эмомалӣ аз пиликонҳои силсиламаротиби машоғили давлатӣ баёнгари ин аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад фарзанди худро барои гирифтани зимоми қудрат пас аз сари худ омода сохта ва қудрати сиёсӣ дар ин кишварро меросӣ кунад.

Мухолифони оқои Раҳмон ӯро ба фасоди идорӣ ва непотисм (хешу қавмпарастӣ ё интисоби хешу табор ба машоғили муҳимми идорӣ) муттаҳам карда ва хостори поён додан ба ин вазъият шудаанд.

Аммо ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар ҳайъати ҷадиди кобине ва машоғили муҳимми дигари давлатӣ шумори пайвандон ва афроди наздику содиқ ба раиси ҷумҳур нисбат ба гузашта бештар шудааст.

Рустами Эмомалӣ танҳо фарзанди раисҷумҳур нест, ки ба як симати аршади давлатӣ мансуб мешавад. Озода Раҳмонова, яке аз ҳафт духтари Эмомалӣ Раҳмон, соли 2007 раиси бахши кунсулгарии вазорати хориҷа ва соли 2009 муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Гуфта мешавад Сумангул Тағоева, вазири тозаинтисоби кору муҳоҷират ва иштиғол ва Давлаталӣ Саидов, муъовини аввали нахуствазир, низ аз пайвандони оқои Раҳмон ҳастанд. Матлубхон Давлатов, ки муддати зиёде муъовини аввали нахуствазир буд, низ аз пайвандони ӯ хонда мешавад.

Ҳасан Асадуллозода, бародари зани раисҷумҳур, солҳост раёсати "Ориёнбонк", аз умдатарин бонкҳои Тоҷикистонро, ба уҳда дорад ва шумори касире аз ширкатҳо ва корхонаҳои санъатӣ таҳти назари ӯст. Домодҳои раисҷумҳур низ симатҳои умдаеро дар ниҳодҳои давлатӣ ба уҳда доранд.

Матолиби муртабит