Вузарои хориҷа, дороӣ ва таробарии Тоҷикистон иваз шуданд

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрохон Зарифӣ аз мақоми вазорати хориҷа барканор ва Сироҷиддин Аслов дар ин симат ҷойгузини ӯ шуд.
Оқои Зарифӣ ҳафт сол вазири хориҷаи Тоҷикистон буд ва аз диплумотҳои бособиқаи ин кишвар маҳсуб мешавад. Вай 20 сол пеш, дар замони ҷанги дохилӣ, ба унвони раиси яке аз идороти вазорати хориҷа вориди умури диплумотик шуд.
Қабл аз интисобаш ба мақоми вазорати хориҷа дар соли 2006 оқои Зарифӣ сафири Тоҷикистон дар Утриш, Маҷористон ва Омрико буд. Бисёриҳо аз ӯ ба унвони яке аз диплумотҳои ғарбгаро ном мебаранд, ки дар даврони вазораташ талош кардааст Тоҷикистонро то ҳадде аз таҳти нуфузи Русия хориҷ кунад.
Аммо мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, ки порсол дар ҷараёни сафари Владимир Путин имзо ва имсол дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тасвиб шуд, баёнгари нокомии ӯ дар рӯёрӯии чанд соли ахири мақомоти тоҷик бо Русия арзёбӣ шудааст.
Бархе аз таҳлилгарон барканории оқои Зарифиро ба ин мавзӯъ муртабит медонанд ва мегӯянд, ки Русия ҳузури ӯро монеъи беҳбуди равобити тирашудааш бо Тоҷикистон дар солҳои ахир медонист.
Аз рӯйдодҳои баҳсбарангези дигар дар даврони вазорати оқои Зарифӣ таҳвили қитъае замин дар устони Бадахшон ба Чин дар моҳи январи соли 2011 буд, ки вокунишҳои тунди мухолифонро ба дунбол дошт.
Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи ҷадид, қабл аз интисобаш ба ин симат барои ҳудуди ҳафт сол намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва сафири ин кишвар дар Кубо буд.
Ҳарчанд ӯ низ собиқае тӯлонӣ дар арсаи диплумосӣ ва равобити хориҷаи Тоҷикистон дорад, аммо миёни мардум шахсияте чандон шинохташуда нест ва ба гуфтаи таҳлилгарон, то кунун фаъъолиятҳои чандон дурахшоне барои тавсеъаи равобити хориҷаи ин кишвар надоштааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо судури фармонҳое Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири дороиро аз мақомаш барканор карда ва Абдусалом Қурбоновро ба ин симат мансуб кард.
Оқои Наҷмидинов, мутаваллиди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, аз соли 2000 ба ин сӯ вазорати молия ё дороиро ба уҳда дошт ва аз мақомҳои ботаҷрубаи кобинаи оқои Раҳмон маҳсуб мешуд.
Имзои мувофиқатномаҳои молии соли 2004 бо Русия, аз ҷумла дар мавриди афви 242 милюн дулор бидеҳии Тоҷикистон, ки дар ивазаш Русия дидбонгоҳи фазоии мавсум ба "Окно-ро ба тасарруфи худ даровард, ба даврони аввали вазорати ӯ бармегардад.
Оқои Наҷмидинов дертар гуфта буд, ки Тоҷикистон талошҳои зиёде кард, то бидеҳиии худ ба Русияро, ки замони ҷанги дохилӣ гирифта буд, зудтар ва бо пули нақд бипардозад, вале русҳо розӣ нашудаанд.
Дар ниҳоят, давлати Тоҷикистон ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон таҳти фишори Владимир Путин, раиси ҷумҳури вақти Русия, ночор шуд дидбонгоҳи беназири фазоиеро, ки дорои аҳаммияти роҳбурдӣ барои ин кишвар буд, дар изои бидеҳиии андакаш ба "шарики истротежики" худ таслим кунад.
Абдусалом Қурбонов, вазири ҷадиди дороӣ, 54-сола ва мутаваллиди ноҳияи Данғара, хостгоҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур аст. Чандон шахсияти шинохташудае дар арсаи сиёсии Тоҷикистон нест.
Оқои Қурбонов қабл аз интисоб ба ин симат, аз соли 2006 ба ин сӯ, раиси Идораи сохтмони таъсисоти давлатии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай аз соли 1995 то 2006 дар идораи молиёти ноҳияи Данғара дар симатҳои мухталиф кор кардааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо судури фармонҳое Низом Ҳакимовро аз вазорати таробарии ин кишвар барканор ва Хайрулло Асоевро ба ин симат мансуб кардааст. Оқои Асоев пеш аз ин зарфи се сол мудирияти ширкати "Роғунгэсстрой"-ро ба уҳда доштааст.
Азлу насбҳои ҷадид дар кобинаи Тоҷикистон дар пайи интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ сурат мегирад. Дар ин интихобот, ки нозирони хориҷӣ онро фоқиди рақобат хондаанд, Эмомалӣ Раҳмон пирӯз эълом шуд ва барои чаҳорумин бор бар курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон такя зад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки тағйирот дар кобинаи Тоҷикистон ин бор ҳам таваққуъоти мардумро бароварда накарда ва баръакс оқои Раҳмон беш аз пеш афроди содиқ ва наздик ба худро рӯйи кор овардааст.
