Интиқодоти густарда аз бегонаситезӣ дар Русия дар пайи қатли табаъае тоҷик

  • 30 Декабр, 2013
Шоҳҷон Раҳматшоев
Image caption Шоҳҷон Раҳматшоев, шаби 26 декабри соли равон дар шаҳри Маскав ба таври фаҷеъ ба қатл расидааст

Масъулони ниҳодҳои интизомии Русия дар бораи таҳқиқи қатли фаҷеъи як шаҳрванди Тоҷикистон бо гузашти чаҳор рӯз иттилоъе пахш накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон афзоиши бегонаситезӣ дар он кишварро сабаби аслии афзоиши чунин ҷароим дар Русия арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод қатли фаҷеъи Шоҳҷон Раҳматшоев, як табаъаи Тоҷикистон дар Русияро, шадидан маҳкум карда ва хостори боздошт ва муҷозоти омилони ин қатл шудааст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта бо додани як ёддошти эътирозӣ ба сафири Русия дар Тоҷикистон аз мақомоти интизомии он кишвар тақозои “таҳқиқи беғаразонаи ин ҷурм”-ро кардаанд.

Дар ин нома омадааст, ки давлати Тоҷикистон шадидан аз афзоиши мавориди бегонаситезӣ ва пахши матолибе дар расонаҳои Русия, ки дар онҳо аз афкори миллатгароёна ва нажодпарастона дар он кишвар ҳимоят мешавад, нигарон аст.

Ҳамчунин, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ин ки гурӯҳҳои нажодпараст аз ҷониби иддае аз сиёсатмадорони родикол дар он кишвар ҳимоят мешаванд, интиқод карда ва бо ибрози таассуф гуфтааст, ки таблиғи бегонаситезӣ мунҷар ба афзоиши чунин ҷароиме дар Русия мешавад.

Чунин вокуниши тунди Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба қатли атбоъи ин кишвар дар Русия дар гузашта камсобиқа будааст.

Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола рӯзи 26 декабр ба таври фаҷеъ дар минтақаи Юго-Западнийи шаҳри Маскав ба дасти афроди номаълум кушта шуд.

Ба гуфтаи пайванданонаш, қотилон ӯро бо 20 зарби чоқу аз пой андохта ва сипас сарашро аз тан ҷудо кардаанд. Дар солҳои гузашта низ мавориди ба таври ваҳшиёна ба қатл расидани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ба муҳоҷирати корӣ машғул буданд, рух додааст.

Шоҳҷон Раҳматшоев сокинони ноҳияи Поршиневи вилояти кӯҳистонии Бадахшон буда ва як моҳ қабл, баъд аз арӯсӣ ҳамроҳ бо занаш барои кор ба Русия рафтааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз як милюн сокини Тоҷикистон дар Русия машғули кор ҳастанд.

Мушкилоти иқтисодии мавҷуд дар Тоҷикистон, аз ҷумла бекорӣ ва сатҳи пасти маъоши моҳиёна, аксари ҷавонон дар ин кишварро водор ба тарки ватан ва ҷустуҷӯйи машоғили бодаромад дар берун аз ин кишвар кардааст.

Матолиби муртабит