Додситонии Хатлон ҷавоне маҳаллиро ба қатли як зан дар Русия муттаҳам кард

  • 6 Декабр, 2013

Додситони вилояти Хатлон таҳқиқи парвандаи ҷиноии як сокини 27-солаи ин вилоятро анҷом дода ва онро барои муҳокима ба додгоҳи вилоят ирсол намудааст.

Далер Ватанов, сокини рустои Ҷарқурғони ноҳияи Қубодиён,тибқи моддаҳои 104, 244 ва 127-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ба қатл, сирқат ва зери хатар мондани ноболиғ муттаҳам шудааст.

Музаффар Юсупов, раиси бахши парвандаҳои ҷиноӣ дар додситонии Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Ватанов дар қатли Олга Ермакова, шаҳрванди Русия ва сокини шаҳри Сан-Питерзбург, мазнун аст.

Оқои Юсупов гуфт мушаххас шуда, ки Далер Ватанов соли 2012 дар хонаи Олга Ермакова дар вилояти Саравтови он кишвар кор мекардааст. Вале дар пайи як муноқиша ин занро бо истифода аз табар захмӣ карда ва сипас, ӯро бо банде хафа (буғӣ) карда ва ба қатл расондааст ва ба хотири пинҳон кардани осори ҷиноят ҷасади ӯро зери хок дафн кардааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дороиҳои Ермакова, аз ҷумла утумубили ӯро, фурӯхта ва сармояи онро аз худ кардааст ва бачаи ноболиғи ӯро, ки панҷ сол доштааст, дар масири Саратов-Екатеринбург танҳо гузошта ва ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Масъулони додситонии вилояти Хатлон мегӯянд, ки Далер Ватанов ахиран ба ҳангоми сафар аз шаҳри Колстоваи Русия ба Душанбе боздошт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки хабари қатли як зани рус дар вилояти Саратов аз сӯйи як муҳоҷири кории Тоҷикистон сару садоҳоеро дар расонаҳои Русия ба бор овардааст.