Гавҳар Ҷӯраева: Зани ҳомилае, ки пул надорад, ба Русия наравад
“Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, як созмони ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон таҳти раҳбарии Гавҳар Ҷураева, ҳуқуқдони тоҷик дар Русия, корзореро барои таблиғи манъи муҳоҷирати занони ҷавон ва бордори тоҷик ба Русия оғоз кардааст.
Ин мавзӯъ пас аз ибрози нигароонии Идораи муҳоҷирати Русия аз афзоиши мавориди даст кашидани модарони муҳоҷир аз фарзандонашон дар зоишгоҳҳои Русия матраҳ шудааст.
Тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, дар ду соли ахир 166 кӯдаки навзод аз занони муҳоҷир дар зоишгоҳҳои Русия бесарпараст мондаанд.
Ҳарчанд ин созмон таъкид карда, ин омор дар муқоиса бо мавориде, ки занони рус аз кӯдаконашон даст мекашанд бамаротиб камтар аст, аммо кӯдакони навзоди муҳоҷирон барои мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии Русия мушкилзо шудааст.
Гавҳар Ҷӯраева, раиси созмони “Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, дар вокуниш ба ин нигарониҳо пешниҳод карда, ки монеъ шудан аз сафари занони то 25-сола ва занони бордор аз Тоҷикистон ба Русия метавонад роҳҳале барои ин мушкил бошад.
Ҳамкорамон Шамсияи Қосим дар мусоҳибае бо хонуми Ҷӯраева суолҳоеро дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқии ин пешниҳоди ҳуқуқдони тоҷик матраҳ кардааст:
Лутфан бигӯед, ки чунин мавзеъи сахтгиронаи худ дар бораи муҳоҷирати занони тоҷик ба Русияро чӣ гуна тавҷеҳ мекунед?
Аксар вақтҳо занон бо кӯдакони навзод дар кӯча, бекумак мемонанд ва ё дар мавориде кӯдаконашонро ба қатл мерасонанд, ё занон дар зоишгоҳ таваллуд мекунанд ва кӯдакашонро дар зоишгоҳ мемонанд. Занҳои миллатҳои мухталиф – ҳам мулдовиҳо, ҳам укройнӣ, ҳам тоҷику узбак.
Мутаассифона, расонаҳои русӣ ин мавзӯъро ба ҳадди ифрот расонда ва мегӯянд, ки гӯё занони ҳомила аз Осиёи Миёна утубус-утубус ба Русия барои таваллуд кардан меоянд, ки ин дурӯғи маҳз аст.
Аммо ончи марбут ба занони муҳоҷир мешавад, ононе, ки ба ҳайси тамизкор фаъъолият доранд, заноне ки аксаран ҳаққуззаҳмаи худро дарёфт карда наметавонанд, заноне, ки ба ғулом табдил меёбанд - ин даста аз занҳо ниёз ба “тасҳеҳи” рафторашон дар инҷоро доранд, то ба вазъияте науфтанд, ки натавонанд амнияти кӯдаки худро таъмин кунанд.
Ба бовари ман, заноне, ки ҳанӯз 25-сола нестанд, то ҳадди лозим огоҳ ва омода нестанд ба Русия сафар кунанд. Бахусус, занони ҷавон. Зеро онҳо бо мавориди дуздӣ ё нақзи ҳуқуқи корияшон рӯбарӯ мешаванд ва афзун бар ин, метавонанд мавриди озору азияти кордеҳон ва ё ҳатто ҳамватанони худ қарор бигиранд.
Яъне онҳо дар маърази хатар қарор мегиранд, зеро зан ҳастанд. Онҳо умдатан касе надоранд, ки барояшон кумак кунад. Ман фикр мекунам, зани ҳомила набояд иҷозаи сафар ба Русияро дошта бошад. Агар назди шавҳараш меояд, ё донишҷӯ аст, марҳамат, аммо агар барои кор меояд, ба фикрам, ин нодуруст аст.
Аммо агар вай фаразан мехоҳад маҳз дар Русия таваллуд кунад, зеро фикр дорад, ки шароити онҷо барои таваллуд кардан беҳтар аст?
Барои ин бояд пул дошта бошад, зеро барои шароити беҳтар бояд пули бештар пардохт кунӣ. Агар ин муҳоҷирзан пул дорад, пас бояд барояш иҷозаи сафар бидиҳанд.
Яъне ин зан бояд собит кунад, ки пул дорад, баъдан иҷозаи сафар бигирад?
Бале. Ёдатон бошад, як намояндаи порлумон дар Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон бояд ҳисобҳои вижае дар Русия боз кунанд, ки ҳадди ақал 30 ҳазор рубл дошта бошад.
Вақте зане аз синни 18 то 24-сола ба Русия назди шавҳар ё бародараш не, балки танҳо барои кор меравад, ӯ худро дар маърази хатар мегузорад. Ӯ дар ин синну сол ҳанӯз омода нест, ки бо ҳарфи “таваккал ба Худо” равонаи як кишвари бегона шавад.
Он вақт ман зидди ин қонун ибрози назар кардам, аммо дар мавриди занони ҳомила ман чунин шартро мепазирам. Зане ки мехоҳад дар Русия таваллуд кунад, бояд нишон бидиҳад, ки пул дорад ва дар кӯча намемонад.
Гуфтед, ки занҳо аз Осиёи Миёна утубус-утубус таваллудкунӣ ба Русия намераванд. Пас оё ин пешниҳоди Шумо, ки занони то 25-сола набояд иҷозаи муҳоҷират дошта бошанд, ҳаққи занони бештареро, ки барои кор ва дарёфти даромад ба Русия мераванд, нақз намекунад?
Медонед, вақте чунин ҳодисаҳо яктову дуто нестанд, бештаранд ва мақомоти Русия мехоҳанд роҳиҳалли ғайриинсоние ба мисли ихроҷи занони муҳоҷири бордорро рӯи даст бигиранд, мо бояд ба фикри роҳҳалҳои олтернотиф бошем.
Барои ҳамин, мегӯям, ки ба занони бордор ҳаққи сафар ба Русия ба манзури кор набояд дода шавад.
18-солагӣ синни расидан ба балоғат аст ва дар ин син ҳар шаҳрванд озод аст барои худ тасмим бигирад. Пешниҳоди Шумо дар назар дорад ин озодиро нақз бикунад?
Вақте як нафар дар вазъияти душвор меуфтад, мо бояд фикр кунем, ки чӣ бояд кард, ки чигуна бояд вазъиятро тағйир дод, то мавориди мушобеҳ такрор нашавад.
Вақте зане аз синни 18 то 24-сола ба Русия назди шавҳар ва ё бародараш не, балки танҳо барои кор меравад, ӯ худро дар маърази хатар мегузорад. Ӯ дар ин синну сол ҳанӯз омода нест, бо ҳарфи “таваккал ба Худо” равонаи як кишвари бегона шавад. Бахусус онҳое, ки мехоҳанд ба таври ғайриқонунӣ дар инҷо кор кунанд.
Истиқлоли молӣ ба соҳибихтиёр шудани занон мусоъидат мекунад. Оё пешниҳоди Шумо озодии занонеро, ки дунболи ин соҳибихтиёрӣ ҳастанд, нақз намекунад?
Ман бори дигар такрор мекунам - ман ба ин ки занони то 24-сола метавонанд дар инҷо кори хубе пайдо ва даромади қобили мулоҳиза дарёфт кунанд, кам бовар дорам.
Аксари занон дар ин давраи синнусолӣ беҳаққу ҳуқуқанд ва онҳо ба шумори артиши муҳоҷирони корӣ, ки бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд, изофа мешаванд. Онҳо хеле осебпазиранд. Онҳоро муҳоҷири хориҷӣ, ки дар канорашон кор мекунад, метавонад таҷовуз кунад.
Вақте бо чунин вазъият рӯбарӯ мешавем, мо маҷбурем, ки ин мавзӯъро матраҳ кунем, баррасӣ кунем ва нагузорем, заноне, ки дарвоқеъ қурбониёни билқувва ҳастанд, ба Русия раванд ва бо чунин вазъият рӯбарӯ шаванд.
Аммо бо ин гуна тасмимгирӣ, ҳаққи он идда аз заноне, ки барояшон кор дар Русия фурсати хубе барои пешбурди рӯзгорашон аст, чӣ мешавад?
Барои он ки тасмимҳо дуруст бошанд, ҷомеъа бояд бедор шавад ва ин мавзӯъро ҳамроҳи мо баррасӣ кунад ва мо тасмими дуруст бигирем. Олтернотиф пешниҳод шавад. Ман тавҷеҳи хонаводаҳои суннатии тоҷикро барои фиристодани хоҳарон ё духтарони 20-солаашон ба Русия намефаҳмам, ки чӣ аст?
Чи чиз онҳоро маҷбур мекунад, духтаронашонро танҳо ба Русия бифиристанд? Шояд онҳо фақат аз ӯ пул мехоҳанд, аммо фикр намекунанд, ки муҳоҷири ғайриқонунӣ дар инҷо бо ҳар гуна хатарҳо рӯбарӯ аст, бавижа занон.
Ман ба унвони модар фикр мекунам, ки духтарро танҳо набояд ҷавоб дод, бигузор шавҳар бидиҳанд, баъдан бигузоранд бо шавҳараш рафта кор кунад.
Дар ҳар сурат, пешомадҳои бад, ки Шумо дар борааш мегӯед, метавонад бо занҳо на танҳо то 25-солагӣ, балки баъд аз он ҳам рух бидиҳад ва синну соли таваллуду таносули занон низ ба 25 маҳдуд намешавад, пас исрор рӯи 25-солагӣ чаро?
Дуруст, аммо вазифаи мо поён овардани риск аст. То синни 25 занони мо на онқадар пухта ҳастанд. Аммо пас аз 25-солагӣ духтарони мо маъмулан шавҳар доранд, ё донишгоҳро хатм кардаанд. Яъне масъулияти бештар ва огоҳии беҳтар доранд.
Масалан, дар Душанбе духтар соъати як намегардад дар берун, чун соҳиб дорад. Аммо инҷо онҳо бесоҳиб ҳастанд, чун падару модар дур, бародару амакҳо дур. Ба ин хотир мо, фаъъолони ҳуқуқи башар маҷбурем бо чунин пешниҳодҳо баромад кунем.
Аммо ин дидгоҳи Шумо, ки як фаъъоли ҳуқуқи инсон ҳастед, муқобил бо ҳуқуқ ва озодиҳои занон нест, магар?
Шояд шумо маро нафаҳмидед. Ман гуфтам, ки занони муҳоҷири ғайриқонунӣ дар инҷо дар маърази хатар, дар вартаи беҳуқуқӣ қарор мегиранд. Яъне бояд ҳамон занҳоеро дар назар бигирем, ки дар гурӯҳи риск (хатар) қарор доранд. Гурӯҳи риск ин ҳамон заноне ҳастанд, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия кор мекунанд.
Онҳое, ки ба таври қонунӣ дар инҷо кор мекунанд, каманд ва шояд аз рафтани онҳо набояд ҷилавгирӣ кунем, ҳарчанд ман ба унвони як модар ҳатто дар сурати қонунӣ ҳам бошад, аз рафтанаш ҷилавгирӣ мекардам.
Зеро муҳоҷирон дар Русия чунон зиёд шудаанд, ки Русия аз онҳо безор аст ва муносибат ба онҳо низ ҳамин гуна аст. Фиристодани фарзанд ба ин кишвар, ҳатто агар кораш беҳтарин аст, ба гумонам хатарнок аст. Дар ҳар сурат ин як иде аст ва бояд баррасӣ шавад ва сипас тасмим гирифта шавад.
Шумо ин идеро ба Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон пешкаш кардед?
Ҳанӯз ин иде дар сатҳи омӯзиш ва баррасӣ аст. Мо ин идеро дар миёни ҳуқуқдонҳо ва коршиносон дар ҳамоишҳо ва маҳофили марбут мегардонем. Замоне ки комил шавад, баъдан бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорем.
Дар ҳоли ҳозир оморе дар мавриди занони тоҷик, ки дар Русия фарзанд таваллуд карда ва фарзандонашонро дар зоишгоҳ мондаанд, доред?
Надорем, аммо чунин маворид зиёданд. Ҳатто мавориди қатли навзод низ буд. Як зан кӯдак таваллуд карда ва навзодро дар ошғол андохт. Дар хонае, ки вай зиндагӣ мекард, касе ҳатто намедонист, ки ӯ ҳомила аст. Вазифаи мо ин аст, ки чунин ҳодисаҳо ҳеҷ гоҳ такрор нашавад.
Ташаккур.
