Ромодоновский: "Роҳандозии визо бо кишварҳои ҳамсуд ба манфиъати Русия нест"
Константин Ромадоновский, раиси Идораи муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки ворид кардани системи визо бо кишварҳои мустақили ҳамсуд барои Русия судовар нахоҳад буд, зеро ин кишварҳо метавонанд, ҷавоби ҳамсон бидиҳанд.
Вай дар мусоҳибае ба маҷаллаи "Итоги" гуфт: "Бояд омода бошем, ки марзҳо ба рӯйи мо ҳам баста хоҳад шуд. Барои мисол бо Укройн, ки мо бо ин кишвар равобити танготанг, равобити хунӣ дорем. Ҳамин тур, бо кишварҳои дигар низ муштаракоти зиёде дорем. Яъне бо роҳандозии визо, мо бештар мебозем, то бурд кунем."
Дар авохири моҳи октябр Григорий Карасин, муъовини раиси хориҷаи Русия дар умури кишварҳои мустақили ҳамсуд гуфта буд, ки миёни Укройн ва Русия мавзӯъи вуруди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар бо шиносномаҳои хориҷӣ матраҳ шуда, аммо ин ба маънои роҳандозии визо миёни ду кишвар нест.
Ба гуфтаи оқои Ромодоновский сарфи назар аз афзоиши мизони муҳоҷират аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, бастани марзҳо ба суди Русия нест, зеро сиёсати ин кишвар ба гусастани равобит бо ин кишварҳо равона нашудааст.
