Иртикоби беш аз 2430 ҷиноят тавассути муҳоҷирон дар Русия

Масъулони Кумитаи бозҷӯии Русия гуфтаанд, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар тавассути муҳоҷирони корӣ беш аз 2430 ҷурм содир шудааст.
Ин кумита эълом накардааст, ки шаҳрвандони кадом кишвар бештар даст ба ҷиноят задаанд, аммо гуфта шуда, ки ҷароим тавассути муҳоҷирон бештар дар пойтахти Русия ва шаҳри Сан-Питерзбург содир шудааст.
Сойти кумитаи мазкур рӯзи сешанбеи 3 декабр ҳамзамон хабари дигареро мунташир карда ва равона шудани як шаҳрванди Тоҷикистон барои панҷ сол ба зиндон хабар додааст.
Додгоҳ ин сокини 30-солаи Тоҷикистонро, ки дар вилояти Якутияи Русия машғули кор будааст, дар алоқаи ҷинсӣ бо як кӯдаки 13-сола муҷрим донистааст. Ҳарчанд дар ҳамин иттилоъия омадааст, ки ин духтари ноболиғ довталабона бо ин ҷавон робитаи ҷинсӣ доштааст.
Дар ин хабар мехонем, ки барои бори аввал нест, ки ин духтари ҷавон ба увнони як ҷабрдида дар додгоҳ ширкат мекунад. Дар соли 2012 ва авоили соли 2013 низ ҷавононе барои ҳамхобагӣ бо ин духтари ҷавони 13 сола муҷоззот шудаанд.
Дар ҳоле, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз омори нигаронкунандаи ҷароим алайҳи муҳоҷирони корӣ дар Русия садо баланд мекунанд, Кумитаи бозҷӯии Русия дар бораи омори чунин ҷароим итттилоъе пахш накардааст.
Ҳамасола дар шаҳрҳои мухталифи Русия мавориди қобили мулоҳизаи ҳамла ва ҳатто куштори муҳоҷирон, аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.
Ҳарчанд дар Русия дар ду соли ахир иддае аз шаҳрвандони марбут ба гурӯҳҳои нажодпарасти Русия барои озору азъият ва ҳамла ба афроди ғайрирус муҷозот шудаанд, вале коршиносон мегӯянд, давлати Русия бояд барои таъмини комили амнияти муҳоҷирон ва афроди хориҷӣ дар қаламрави худ тадобири ҷиддитаре иттихоз бикунад.
Бар асоси иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли ҳозир беш аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷароими мухталиф, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир ва қатлу сирқат дар зиндонҳои Русия ба сар мебаранд.
