Як муҳоҷири тоҷик барои ришвадиҳӣ маҳкум ба пардохти ҷарима шуд
Додгоҳе дар вилояти Челябински Русия, як муҳоҷири тоҷикро барои ришвахорӣ маҳкум ба пардохти як ҳазор дуллор ҷарима кардааст.
Бар асоси хабари Идораи бозрасии Русия, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳангоми талош барои додани ришва ба маблағи 2 ҳазор рубл (муъодили 70 дулор) ба пулиси рус боздошт шуда буд.
Рӯзи душанбеи 2 декабр сойти расмии ин идора гузориш кардааст, ки додгоҳ Шералӣ Тоҳирови 28-соларо тибқи моддаи 291 қисми 3-и қонуни кайфарии Русия, яъне додани ришва ба як мақом муқассир донистааст.
Масъулони интизомии Русия ҳамчунин оқои Тоҳировро дар нақзи муқаррароти иқомат дар қаламрави Русия муттаҳам кардаанд.
Гузоришҳо ҳокӣ ҳастанд, ки дар қаламрави Русия беш аз як милюну 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони муҳоҷири корӣ зиндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки аксари ин афрод ба сурати ғайрирасмӣ дар ин кишвар фаъъолият дошта ва дар сурати ошкор шудани тахаллуфоти қонуниашон бисёре аз онҳо ба пулис ва ё муқомоти идороти мухталиф ришва медиҳанд.
