Муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон барои додани ришва боздошт шуд

  • 3 Декабр, 2013

Пулиси Қазоқистон раиси бахши муҳоҷирати Идораи пулиси Темертаои вилояти Қарағанда ва як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кард.

Хабаргузории "NewTimes.kz"-и Қазоқистон, рӯзи сешанбеи 3 декабр аз қавли дафтари матбӯъотии пулиси молии ин вилоят хабар дод, ки А. Қосимова, раиси бахши муҳоҷирати идораи пулиси Темертао барои ситонидани 16 ҳазор танга (пули миллии Қазоқистон) аз М. Алиев, шаҳрванди Тоҷикистон дар ивази таҳияи корти муҳоҷират ва ин шаҳрванди Тоҷикистон барои додани ришва боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи бозрасҳо пулис ҳадс мезанад, ки ин афрод дар ҷароими дигар низ даст доранд, ва барои собит кардани он маворид таҳқиқот идома дорад.