Роҳандозии сойти вижа барои мушаххас кардани иҷозаи вуруд ба Русия

  • 29 Ноябр, 2013
Image caption Аз аввали сол то ҳоло аз вуруди ҳудуди 400 ҳазор шаҳрванди хориҷии мамнуъ-ул-вуруд ба Русия ҷилавгирӣ шудааст

Идораи муҳоҷирати Русия дар сойти худ сервиси вижаеро роҳандозӣ кардааст, ки тавассути он афроди алоқаманд барои сафар ба Русия метавонанд мушаххас кунанд, ки оё ҳаққи вуруд ба ин кишварро доранд, ё хайр.

Ин идора рӯзи 29-уми ноябр хабар дод, ки роҳандозии тарҳи вижа дар сойти ин идора имкон медиҳад, "хориҷиёне, ки исмашон пас аз тарки Русия дар феҳристи афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид шудааст, аз мушкилоти эҳтимолӣ дар марз ҷилавгирӣ кунанд."

Бархе аз муҳоҷирон пас аз муддате кору зиндагӣ дар Русия ба кишвари худ бармегарданд ва дар сурате, ки дар муддати буду бошашон дар Русия қонунеро дар ин кишвар нақз кардаанд, номашон бе он ки ин афрод худ хабар дошта бошанд ба феҳристи афроди мамнуъ-ул-вуруд изофа мешавад.

Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия аз аввали сол то ҳоло "бо кумаки ин феҳрсит" аз вуруди ҳудуди 400 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар миёни ин афрод будаанд, ба идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи огоҳ набуданашон аз вазъи ҳуқуқиашон дар ин замина ва ба ин далел беҳуда сарф кардани пул барои харидории билет ба Русия шикоят кардаанд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои маҳаллӣ танҳо аз якум то сеюми сентябр дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Маскав, Қазон, Екатеринбург, Сан- Петербург, Иркутск ва Оренбурги Русия марзбонони рус аз вуруди 52 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Русия ҷилавгирӣ карда буданд.

Дар иттилоъияи Идораи муҳоҷирати Русия дар бораи роҳандозии сервиси ҷадид барои таъйиди иҷозаи вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ омадааст, "ҳамакнун исми шаҳрванди хориҷие, ки муҳлати иқомати қонунӣ дар кишвари моро (120 рӯз) нақз кардааст, пас аз хуруҷаш аз кишвар ба худии худ ба феҳристи мамнуъ-ул-вурудон ба муддати се сол ворид мешавад."

Дар ин иттилоъия шарҳ дода шуда, муҳоҷироне ки дар тӯли буду боши худ дар Русия дар се сол ду бор ҷазои маъмурӣ дидаанд, барои се сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд. Ҳамчунин, хориҷиёне, ки дар тӯли як сол бештар аз як бор дар Русия муқаррароти сабти ном ва ё корро нақз кардаанд, ба муддати панҷ сол мамнуъ-ул-вуруд хоҳанд шуд.

Афроде, ки аз кишвар депорт шудаанд барои панҷ сол ҳаққи вуруди дубора ба Русияро надоранд ва дар сурати депорти дубора ин муҳлат ба даҳ сол афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон бо интишори иттилоъияе аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд хостааст, ба манзури мамнуъ-ул-вуруд нашудан аз Русия ба нақзи ҳеҷ гуна муқаррароти идорӣ дар он кишвар роҳ надиҳанд.

Дар ин иттилоъия мехонем: "Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати донишҷӯёни тоҷик, ки дар макотиби олии Федератсияи Руия таҳсил менамоянд мерасонад, ки ҳангоми аз қаламрави Россия берун шудан ва дубора ба онҷо рафтан, худро дар қайди донишгоҳ монанд, қонунҳои ин кишварро риоя намоянд ва кӯшиш кунанд аз ҳеҷ ниҳоди ин кишвар қарздор набошанд, то мушкиле барои онҳо пеш наояд."

Ба гуфтаи ин ниҳод дар ҳоли ҳозир 18 донишҷӯи донишгоҳҳои олии Русия, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд дар феҳристи афроди мамнуъ-ул-вуруд ба Русия ҳастанд ва масъулони ин идора машғули музокирот бо тарафи Русия барои ҳалли ин мушкили донишҷӯён будаанд.

Зимнан, бар асоси мувофиқатномаи Идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав имзо шуда ва тасвиб гардид, ҳузури бидуни сабти атбоъи тоҷик дар Русия аз 7 то 15 рӯз тамдид шуда ва санади ҳуқуқӣ дар мавриди тамдиди муддати муҷаввизи кор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 то 3 сол таҳия шуда ва имзо шуд.

Давлати Русия ин ва дигар муқаррароти ҷадид дар бораи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави худро роҳандозӣ мекунад, ки ахиран фаъъолияти миллатгароён ва тоссарҳо дар ин кишвар, ки гаҳ-гоҳе ҳамлаҳои хунин ба муҳоҷирон анҷом медиҳанд афзоиш ёфтааст.

Бархе аз мунтақидон ҳукумати Русияро аз тарафдорӣ аз фаъъолияти ин гуна гурӯҳҳо муттаҳам карда ва созмонҳои байналмиллалии мудофеъи ҳуқуқи башар сиёсатҳои оқои Путинро дар ин замина калидӣ медонанд. Онҳо "бетафовутии ӯ дар ҳалли ин мавзӯъро навъе пуштибониаш аз гурӯҳҳои фошистӣ" талаққӣ мекунанд.

Идораи муҳоҷирати Русия дар охири фасли тобистони соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар кишварашро 5 милюну 165 ҳазор эълом карда буд. Бештари муҳоҷирони кориро атбоъи Ӯзбакистон ташкил дода ва теъдоди онҳо 2 милюну 734 ҳазор нафар гузориш шудааст. Тоҷикистон пас аз Ӯзбакистон дар ин зинаи ҷойи дуюмро дошта ва теъдоди тоҷикон дар Русия як милюну 230 ҳазор нафар унвон шуд.

Ба гуфтаи коршиносон маблағе, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон мефиристанд, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади будҷеи кишвар аст. Танҳо, дар соли 2012 беш аз 3 милёрду 595,2 милюн дулори омрикоӣ аз сӯйи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид шуда буд, ки гуфта мешавад 47 дарсади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил дода буд.

Матолиби муртабит