Пешниҳоди Кабирӣ барои мулоқоти муштараки аъзои порлумон бо муҳоҷирон

  • 11 Декабр, 2013
Муҳиддин Кабирӣ
Image caption Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумлаи маъдуд сиёсатмадоронест, ки пайваста бо муҳоҷирони кории тоҷик мулоқот мекунад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва узви порлумони Тоҷикистон, ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардааст, ки намояндагони аҳзоб дар порлумон мулоқоти муштараке бо муҳоҷирони кории тоҷик дошта бошанд.

Оқои Кабирӣ ин пешниҳодро баъд аз анҷоми дидорҳои ахири худ бо гурӯҳҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Қазон, Маскав ва Коломнаи Русия матраҳ кардааст.

Тибқи иттилоъи торнамои (сойти) расмии ҲНИТ, оқои Кабирӣ пешниҳоди худро чунин шарҳ додааст: "Ин пешниҳоди вакилӣ ба роҳбарии Маҷлиси Намояндагон бо он асоснок шудааст, ки дар Русия бештар аз як милюн интихобкунанда кору зиндагӣ мекунад ва мулоқотҳои муштараки вакилон бо онҳо эътимоди бештари мардумро ба мақомоти давлатӣ ба вуҷуд меорад."

Вай афзудааст: "Ҳамчунин, сафару мулоқотҳо бо муҳоҷирон боъиси ошноии бештари вакилон бо вазъи душвори муҳоҷирин хоҳад гашт."

Зимнан, дар порлумони Тоҷикистон панҷ ҳизб намоянда доранд. Масъулони ҳизби ҳокими халқи демукрот ва ҳизби наҳзати исломӣ зимни сафарҳои худ ба Русия пайваста бо муҳоҷирони корӣ мулоқот мекунанд.

Дар бораи дидорҳои мушобеҳи намояндагони ҳизби куммунист, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо муҳоҷирон то ҳол гузориш нашудааст.

Коршиносон саҳми муҳоҷирони кории тоҷик дар таъмини суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ мекунанд. Ҳамасола муҳоҷирон барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ то се милёрд дулор ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Матолиби муртабит