Кушта шудани як тоҷик дар Сан-Питерзбург
Бар асари фурӯ рехтани девор дар майдони сохтмонии Окодеми низомии шаҳри Сан-Питерзбурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта ва як нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи Кумитаи бозҷӯии Русия дар шаҳри Сан-Питерзбург, ин ҳодиса рӯзи душанбеи 2 декабр рух дода ва ду муҳоҷири тоҷик ба ҳангоми кор зери овор мондаанд.
Як коргари 28-солаи тоҷик, ки исмаш ифшо нашудааст, дар бемористон фавт карда ва коргари дигар бо ҷаҳорати ҷиддӣ дар бемористон мудово мешавад.
Идораи бозрасии Русия дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Зимнан, тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Русия 460 тан аз муҳоҷирони тоҷик фавт кардаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, бештари ин афрод ба далели беморӣ, ҳаводиси нохуш ва бархе дигар ба дасти миллатгароёни рус ҷон бохтаанд.
Дар соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 730 тобут бо аҷсоди муҳоҷирони кории тоҷик ворид шуда буд.
