Ҷон додани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар идороти пулиси Русия

  • 16 Декабр, 2013
Муҳоҷирон
Image caption Ҳамасола беш аз як милюн шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷустуҷӯйи кор ва ҳуқуқ озими Русия мешаванд

Манобеъи пулиси Русия аз фавтидани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаҳои мухталифи пулиси Русия хабар додаанд.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, 15-уми декабри соли ҷорӣ як марди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳраки Домодедовои вилояти Маскав ҷони худро аз даст додааст.

Гуфта мешавад, ки пулис аз сӯйи пизишкони беморхонаи ин шаҳрак иттилоъ дарёфт кардаанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати мадҳушӣ ворид шудааст.

Дар баёния омадааст: “Маъмурини пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, даёфтаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон зери таъсири маводи мухаддир қарор дорад ва чизи муайянеро гуфта наметавонад. Ӯ ба шуъбаи пулис оварда шуд ва баногоҳ соати 23:10 дар он ҷо вафот кардааст”.

Пулис таъкид кардааст, ки дар ҷисми фарди даргузашта осори шиканҷа мушоҳида нашудааст. Вале бо ин вуҷуд, маъмурон тасмим гирифтаанд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро анҷом бидиҳанд.

Мавриди дигари ҷон додани шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Воронежи Русия рух додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ин ҳодиса низ 15-уми декабри соли ҷорӣ рух дод.

Ба иттилоъи ин манобеъ, як табаъаи Тоҷикистон ба шӯъбаи 7-уми пулиси Воронеж барои нақзи муқаррароти будубоши муҳоҷирон мунтақил шуда ва ба ҳангоми бозпурсӣ аз ҳуш рафтааст.

Маъмурони пулис зимни ироъаи кӯмаки аввалия пизишконро даъват карданд, аммо то расидани пизишкон ба маҳалли ҳодиса, ин фард ҷон додааст.

Пулис тасмим гирифта, ки дар пайи ин қазия бозрасие анҷом бидиҳад. Пулиси Русия то ҳоло асомии ин ду фарди фавтидаи тоҷикро эълом накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон аҷсоди беш аз як ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик мунтақил мешаванд. Бархе аз ин афрод дар пайи бемориҳои мухталиф ва бархе дар пайи бархурд бо миллатгароёни рус ҷони худро аз даст медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, то ҳол дар бораи теъдоди он идда аз атбоъи тоҷик, ки дар пайи шиканҷа аз сӯйи маъмурони пулиси Русия мефавтанд, омори дақиқ пахш нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳамасола барои дарёфти ҷойи кор ва ҳуқуқи муносиб ба Русия сафар мекунанд, болиғ аз як милюн нафар арзёбӣ мекунанд.

Матолиби муртабит