Ҳушдори Убомо ба Карзай дар мавриди 'хуруҷи комили' Омрико аз Афғонистон

  • 26 Феврал, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Убомо ба вазорати дифоъи Омрико дастур дода, то заминаи иҷрои барномаҳо барои поёни маъмурият ва хуруҷи бамавқеъи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон то дар поёни соли ҷории мелодиро омода кунад.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, ба Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида мумкин аст то поёни имсол тамоми нерӯҳояшро аз он кишвар хориҷ кунад.

Оқои Убомо ин изҳоротро рӯзи сешанбеи бисту панҷуми феврал дар гуфтугӯе телефунӣ бо ҳамтои афғони худ баён кард, ки дар моҳҳои гузашта аз имзои мувофиқатномаи амниятӣ бо Вошингтун худдорӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Омрико ҳамчунин аз вазорати дифоъи ин кишвар хостааст, то заминаи иҷрои барномаҳо барои поёни маъмурият ва хуруҷи бамавқеъи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистонро то дар поёни соли ҷории мелодӣ омода кунад.

Бар асоси ин барнома ҳеҷ сарбози омрикоӣ пас аз соли 2014 дар Афғонистон боқӣ нахоҳад монд.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, Иёлати Муттаҳида камокон майл ба имзои паймони амниятии дуҷониба бо Афғонистон ва эҷоди замина барои ҳузури маҳдуд дар Афғонистон пас аз соли 2014, аз ҷумла маъмуриятҳои омӯзишӣ ва машваратӣ, ҳамкорӣ бо нерӯҳои афғон ва ҷустуҷӯи ҳастаҳои вобаста ба Алқоъида дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, ба далели ҳамин алоқамандӣ, Омрико заминаро барои имзои ин мувофиқатнома, дар моҳҳои оянда бозмегузорад.

Дар ҳафтаҳои ахир, хабарҳо ҳокӣ аз ин буд, ки мақомоти омрикоӣ машғули баррасии ин эҳтимол ҳастанд, ки мувофиқатномаи дуҷонибаи амниятӣ бо раиси ҷумҳурии ояндаи Афғонистон ба имзо бирасад.

Бо ин ҳол, дар номаи хабарии Кохи Сафед омадааст, ки ҳар андоза, ки имзои ин мувофиқатнома ба таъхир бияфтад, эҳтимоли хуруҷи комили нерӯҳои омрикоӣ ва ё кучактар ва маҳдудтар будани маъмурияти нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон, пас аз соли 2014 бештар мешавад.

Кохи Сафед дар поёни ин номаи хабарӣ бар ҳимоят ва ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар дар чаҳорчӯби қарордодҳои мавҷуд таъкид карда ва навиштааст оқои Убомо ба раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфта, ки кишвараш аз раванди сулҳ бо мухолифони мусаллаҳ ва низ баргузории як интихоботи шаффофи боэътибор ва мутобиқ бо ҷадвали замонии аз пеш таъйиншуда пуштибонӣ мекунад ва дар сурати лузум бо нерӯҳои афғон барои таъмини амнияти интихобот, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Авохири соли гузштаи мелодӣ, Луя Ҷиргае, ки барои баррасии муваофиқатномаи дуҷонибаи амниятии миёни Омрико ва Афғонистон дар Кобул баргузор шуда буд, ин мувофиқатномаро таъйид кард ва аз раиси ҷумҳури Афғонистон хост онро имзо кунад.

Аммо Ҳомиди Карзай шароитеро матраҳ карда ва гуфта то ин шароит аз сӯйи Омрико бароварда нашавад, ин мувофиқатномаро имзо нахоҳад кард.

Поён додан ба амалиёти шабона ва кумаки Омрико ба оғози ҷиддӣ ва амалии сулҳи байни давлати Афғонистон ва шӯришиёни мусаллаҳи мухолифи давлат аз ҷумлаи ин пешшартҳо аст.

Матолиби муртабит