Гоҳшумори вуруд ва хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон

  • 31 Январ, 2014
Image copyrightAP
Image caption Хуруҷи тадриҷии ин нерӯҳо аз нимаи дувуми 2011 оғоз шуд

2014, соли хуруҷи комили нерӯҳои размии Омрико аз Афғонистон аст. Би-би-сӣ ба муносибати поёни марҳилаи хуруҷи 30 ҳазор сарбози омрикоӣ, ки соли гузашта оғоз шуда буд, риштагузоришҳоеро дар мавриди ҳузур ва коркарди сарбозони омрикоӣ дар Афғонистон дар ин ҳафта мунташир мекунад.

Ҳафтуми октябри 2001

Оғози ҳамалоти ҳавоии Омрико ва Бритониё ба мавозеъи Толибон. Ба дунболи ҳамалоти ёздаҳуми сентябри соли 2001, Омрико хостори таҳвил додани Усома бин Лоден ба Омрико шуд, аммо режими Толибон аз қабули ин дархост сар боз зад ва мӯҷиботи ҳамлаи низомии Омрико фароҳам шуд.

Сенздаҳуми ноябри 2001

Теъдоди сарбозони омрикоӣ дар Афғонистон ба 13 ҳазор нафар расид. Дар пайи шиддат ёфтани ҳамалот, ҷангҷӯёни Толибон шаҳри Кобулро тарк карданд.

Ҳафтуми декабри 2001

Шаҳри Қандаҳор, мақарри аслии гурӯҳи Толибон суқут кард. Мулло Умар раҳбари ин гурӯҳ ва Усома бин Лоден, раҳбари гурӯҳи Алқоъида, фирор карданд. Ҳомиди Карзай дар Луя Ҷиргаи изтирорӣ ба унвони раиси ҷумҳурии муваққат баргузида шуд.

Августи 2003

Нерӯҳои байналмилалӣ таҳти фармони НОТУ ба манзури ҳифзи сулҳ дар Кобул мустақар шуданд. Баъдан маъмурияти ин нерӯҳо дар манотиқи дигари кишвар ҳам густариш ёфт. Шумори онҳо ба ёздаҳ ҳазор нафар мерасад, ки даҳ ҳазори онҳо омрикоӣ буданд.

Сертябри 2008

Ҳамалоти гурӯҳи Толибон шиддат ёфт. Шумори нерӯҳои омрикоии мустақар дар Афғонистон ба 31 ҳазор ва шумори талафоти онҳо ба 120 нафар расид.

30 январи 2009

Пас аз интихоби Борок Убомо ба раёсати ҷумҳурии Омрико, шумори нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ба 36 ҳазор нафар расид.

Ҳабдаҳуми феврали 2009

Оқои Убомо дастури фиристодани 18 ҳазор сарбози дигар ба Афғонистонро имзо кард.

Нуҳуми июни 2009

Истиқрори нахустин воҳидҳои нерӯи дарёии Омрико дар Афғонистон; 10 ҳазор сарбози ҷадид барои муқобила бо Толибон вориди ҷанг шуданд.

Бисту якуми сентябри 2009

Image copyrightReuters
Image caption Ҷанги Афғонистон "тӯлонитарин ҷанги таърихи Омрико" лақаб ёфтааст

Женерол Истонлӣ Мак Кристол, фармондеҳи кулли нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистон, дар гузориши маҳрамонае ба Борок Убомо навишт, ки бидуни афзоиши нерӯҳои байналмилалӣ эҳтимоли нокомии ҷанг бо Толибон вуҷуд дорад.

Аввали декабри 2009

Борок Убомо эълом кард, ки 30 ҳазор сарбози дигар ба Афғонистон мефиристад, то шумори нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ба 71 ҳазор нафар бирасад. Шумори талафоти сарбозони омрикоӣ ба 849 тан афзоиш ёфт. Ӯ дар суханонронӣ дар донишгоҳи низомии Вест Пвинет июли 2011-ро замони оғози хуруҷи артиши Омрико аз Афғонистон таъйин кард. Бо ин ҳол, мақомҳои омрикоӣ то он замон ҳамчунон дар ҳоли баррасии афзоиши шумори нерӯҳо дар Афғонистон буданд.

Бисту ҳаштуми 2010

Давлати Афғонистон дар кунфронси Ландан омодагии худро барои ба уҳда гирифтани масъулияти амниятӣ эълом кард. Ҳадафе, ки таъйин шуд, ин буд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон (артиш 171 ҳазор, пулис 134 ҳазор) афзоиш ёбад, то заминаи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар 2011 фароҳам шавад. Давлати Афғонистон як барномаро рӯйи даст гирифт, ки аз соли 2011 то охири 2014 заминаро барои интиқоли тадриҷии масъулияти амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои дохилиро фароҳам кард.

22 июни 2011

Борок Убомо дар суханронӣ хитоб ба миллати Омрико барномаи хуруҷи тадриҷии нерӯҳо аз Афғонистонро эълом кард. Ӯ гуфт, ки то охири 2011 даҳ ҳазор сарбоз аз Афғонистон хориҷ мешаванд ва то тобистони 2012 23 ҳазор сарбози дигар ин кишварро тарк мекунанд. Бар асоси ин барнома, нерӯҳои омрикоӣ хуруҷи тадриҷӣ то поёни 2014-ро дар назар бигиранд. Дар нимаи аввали соли 2011 шумори нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ба 101 ҳазор нафар расид.

Image caption Агар паймони амниятии байни ду кившар имзо шавад, эҳтимолан ҳудуди даҳ ҳазор сарбози омрикоӣ дар Афғонистон хоҳад монд

Сездаҳуми июни 2012

Дар нахустин марҳилаи хуруҷи нерӯҳо 650 сарбоз Афғонистонро тарк карданд. Ин нерӯҳо дар Кобул мустақар буданд ва аз тариқи фурудгоҳи Багром дар шимоли Кобул ба василаи ҳавопаймо ба кишвари ххуд бозгаштанд.

Ҳаждаҳуми апрели 2012

Борок Убомо ниҳоӣ шудани се мавзӯъро эълом кард: Вогузории тадриҷи масъулияти амниятӣ ба афғонҳо, мондани шуморе аз нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон пас аз 2014 ва пардохти солонаи милюнҳо дулор ба давлати Афғонистон барои тақвияти нерӯҳои амниятии Афғонистон.

22 июни 2013

Женерол Ҷон Олан, фармондеҳи кулли нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, хуруҷи тадриҷии 23 ҳазор сарбози омрикоӣ аз Афғонистонро эълом кард.

Бисту якуми сентябри 2012

Леун Понето, вазири дифоъи вақти Омрико, гуфт, ки 33 ҳазор сарбозе, ки дар ҷараёни соли 2010 барои чанг бо Толибон эъзом шуда буданд, Афғонистонро тарк кардаанд.

Охири августи 2013

Шумори нерӯҳои Омрико дар Афғонистон ба 60 ҳазор нафар коҳиш ёфт ва бо суръат ёфтани раванди интиқоли масъулият ба нерӯҳои дохилии Афғонистон , раванди хуруҷи коҳиши низомиёни омрикоӣ ҳам суръат ёфт.

Охири декабри 2013

Теъдодои низомиёни омрикоӣ дар Афғонистон ба 24 ҳазор нафар расид. Ҳамзамон бо ин коҳиш, гуфтугӯҳо бар сари паймони ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоъии байни Омрико ва Афғонистон бо танишҳои зиёде ҳамроҳ шуд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, имзои ин паймонро машрут ба таъаҳҳуди Омрико ба заминасозии амале барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо гурӯҳи Толибон кард.

27 январи 2014

Шумори нерӯҳои омрикоӣ ба 36 500 коҳиш ёфт ва қарор аст дар рӯзҳои оянда теъдоди бештаре аз нерӯҳои омрикоӣ Афғонистонро тарк кунанд. Ҳамзамон бо шиддат ёфтани танишҳо байни ду кишвар ва раванди хуруҷи низомиёни омрикоӣ, ҳамалоти мусаллаҳона ва бумбгузориҳои интиҳории аъзои гурӯҳи Толибон ҳам шиддат ёфтааст.