Садҳо милюн дулор кумаки Омрико ба Афғонистон 'бадурустӣ мудирият намешавад'

  • 31 Январ, 2014
Image caption Вазоратхонаҳои зироъат, обёрӣ ва молдорӣ, беҳдошт, маъдан ва маводди нафтӣ, мухобирот, омӯзишу парвариш, вазорати молия ва ширкати барқи Афғонистон қодир нашудаанд, ки 1.6 милёрд дулор кумаки Омрикоро истифода ва ҳисоб пас диҳанд

СИГОР ё Идораи Бозрасии Умумии Омрико барои Бозсозии Афғонистон, дар гузориши тозаи худ навиштааст вазоратхонаҳои зироъат, обёрӣ ва молдорӣ, маъдан ва маводди нафтӣ, мухобирот, омӯзишу парвариш, вазорати молия ва ширкати миллии барқи Афғонистон қодир набудаанд 1.6 милёрд дулор кумаки Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико (USAID)-ро ба сурати дуруст мудирият кунанд ва ҳисобрасии дурусте аз наҳваи истифода аз он ироа диҳанд.

Ин ниҳод афзуда, ки ин кумакҳо то таърихи аввали августи соли 2013 дар ихтиёри ин ниҳодҳои давлатии Афғонистон қарор гирифтааст.

Бар асоси гузориши СИГОР, дар кунфронси соли 2010, ки бо мушорикати давлти Афғонистон ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Ландан доир шуд, ҷомеъаи байналмилалӣ, аз ҷумла Омрико таъаҳҳуд карданд, ки 50 дарсад аз кумакҳои худро аз тариқи ниҳодҳои давлатии Афғонистон ба он кишвар таҳвил диҳанд, то давлат битавонад дар корбурди он озодии амали бештаре дошта бошад.

Давлати Афғонистон ҳамвора шикоят дошт, ки масрафи кумакҳои байналмилалӣ дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ набуд ва ин кор боъиси заъфи ниҳодҳои давлатӣ ва эҷоди фасоди идорӣ дар кишвар мешудааст.

Дар гузориши СИГОР омада, ки Ожонси Байналмилалии Тавсиъаи Омрико 659 милюн дулорро ба 8 барномаи тавсиъаи ин вазоратхонаҳо, ки дар ҳоли иҷро буд, ихтисос дод

СИГОР афзудааст, ки дар марҳилаи баъдӣ ин ниҳод 237 милюн дулорро ба ниҳодҳо дода ва 780 милюн дулори дигар низ барои 10 барномаи тавсиъаии матраҳшуда таъаҳҳуд карда буд, ки дар кул 1.6 милёрд дулор барои иҷрои 18 барномаҳои умронӣ дар ихтиёри ин вазоратхонаҳо қарор гирифт.

Ин ниҳод афзуда, ки Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико барои беҳбуди вазъият 696 маврид пешниҳоди ислоҳеро ба 16 вазоратхонаи Афғонистон, масрафкунандаи ин кумакҳо ироа дода буд.

41 мавриди ин пешниҳодҳо ба иқдом барои муқобила бо вазъияти буҳронӣ ва хатари боло дар ин ниҳодҳо иртибот дошт.

СИГОР афзудааст, ки баррасиҳои Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико нишон медиҳад, ки ҳафт вазорате, ки аз онҳо ном бурда шуда ҳеҷ кадом қодир набуда кумакҳои ин идораро ба сурати мустақим ҷазб кунад ва ба шакле дуруст ба масраф бирасонад.

Ин ниҳод гуфта, ки Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико 107 хатари ҷиддиро дар ин вазоратхонаҳо шиносоӣ карда, ки 99 маврид вазъияти буҳрониро нишон медод.

Дар ин гузориш омада, ки Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико дар шароити оддӣ кумакҳои худро ба ин вазоратхонаҳо пардохт нахоҳад кард.

Ожонси Тавсиъаи Байналмилалии Омрико бо эъломи вуҷуди фасоди густарда дар ин вазоратхонаҳо аз онҳо хоста буд мушкилотеро, ки дар ташкилоти идорӣ ва иҷроии худ доранд, бартараф созанд.

Ба гузориши СИГОР давлати Омрико натавониста кунгреро мутақоъид кунад, ки вазоратхонаҳои мавриди ишора дар Афғонистон аз тавоноии лозим барои ҷазбу корбурди дурусти кумакҳои ин ниҳод бархӯрдор ҳастанд.