Шаш корманди як созмони фаронсавӣ "тавассути Толибон кушта шуданд"

  • 27 Ноябр, 2013
Image caption Ин созмон аз соли 1995 фаъъолиятҳои худро дар Афғонистон оғоз кард

Раҳматуллоҳ Туркистонӣ, раиси шӯрои вилоятии Форёб, гуфта, ки гурӯҳи Толибон шаш корманди маҳаллии як созмони байналмилалиро ба зарби гулӯла куштааст.

Оқои Туркистонӣ афзуд, ки ин афрод соъати ҳафти субҳи рӯзи чаҳоршанбе (27 ноябр)ҳангоми хуруҷ аз маросими тарҳими Зоҳид Мавлавизода, ки ҳам тавассути Толибон кушта шуда буд, бо камини Толибон мувоҷеҳ шуданд.

Ба гуфтаи ӯ панҷ нафар аз шаш нафаре, ки имрӯз кушта шуданд, муҳандисони созмони фаронсавии Актед (ACTED) ва аз дӯстони оқои Мавлавизода буданд, ки дар як созмони дигар ба унвони муҳандис кор мекард, парерӯз кушта шуда буд.

Раиси шӯрои вилоятӣ гуфт: "Онҳо аз маросими фотиҳа берун мешуданд ва тарафи маҳалли вазифаи худ дар Алмор ва Қисор мерафтанд ва дар панҷсадметрии камарбанди амниятӣ (шаҳри Маймана, маркази вилояти Форёб)Толибон худрави ин шаш нафарро мутаваққиф мекунанд ва ба сарҳояшон шиллик меекунанд."

Ӯ афзуд: "Ҷасадҳоро дар бемористон дидем, ҳама ба сарашон шиллик шуда ва бо гулӯлаи Калашников кушта шудаанд."

Раҳматуллоҳ Туркистонӣ ҳамчунин гуфт, ки як нафари дигар аз ин афрод дар асари шиллики Толибон захмӣ ва муваффақ ба фирор шудааст.

Муҳаммадуллоҳ Батош, волӣ ва ҳамчунин мақомҳои пулиси Форёб ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки ин рӯйдодро дар дасти баррасӣ доранд, аммо наметавонанд ҷузъиёти онро таъйид кунанд.

Аммо яке аз масъулони Актед ба Би-би-сӣ гуфт, ки шаш тан аз кормандони ин созмон дар Форёб дар пайи тасодуфи худрави ҳомилашон кушта шудаанд.

Вақте назари ӯ дар бораи гузоришҳои мабнӣ бар кушта шудани ин афрод ба дасти афроди мусаллаҳ хоста шуд, гуфт, ки ҳанӯз наметавонад ин гузоришҳоро ба сурати расмӣ таъйид кунад.

Актед як созмони байналмилалии ғайридавлатӣ аст, ки дар соли 1993 ташкил шуда ва мақарри он дар Порис аст.

Ин созмон ба ҷавомеъе, ки аз ҷанг, ҳаводиси табиъӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ осеб дидаанд, кумак мекунад.

Актед дар Офриқо, Осиё, Ховари Миёна, Омрикои Лотин ва Короиб фаъъолият дорад ва аз соли 1995 фаъъолиятҳои худро дар Афғонистон оғоз кардааст.