Поёни ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул ва шаҳри Асъадобод дар шарқи Афғонистон

  • 25 Март, 2014
Image caption Дар ин минтақа хонаи яке аз номзадҳои раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дафтари кумиссиюни интихобот ва дафтари ҷалб ва ҷазби артиши миллии Афғонистон қарор дорад

Мақомоти Афғонистон таъйид карданд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ва даргирӣ дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон ва ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Асъадобод, маркази вилояти Кунар дар шарқи ин кишвар бо кушта шудани муҳоҷимон поён ёфтааст.

Ҳашматуллоҳ Истоникзай, сухангӯи пулиси Кобул ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо кушта шудани 5 ҳамлаунандаи интиҳорӣ даргирӣ дар минтақаи Доруламони Кобул дақоиқе пеш поён ёфтааст.

Ӯ афзуд, ки дар ин даргирӣ ду сарбози пулис кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд ва то кунун аз теъдоди ғайринизомиёне, ки эҳтимолан кушта шудаанд, иттилоъе дар даст нест.

Сухангӯи пулиси Афғонистон афзуд, ки акнун нерӯҳои пулис дар ҳоли баррасии сохтмони дафтари кумиссиюни интихоботи Афғонистон ҳастанд то ҳамлакунандаҳо дар ин сохтмон махфӣ нашуда бошанд.

Оқои Истоникзай гуфт, ки тамоми кормандони кумиссиюни интихобот, ки дар маҳали даргирии боқӣ монда буданд, акнун раҳо шудаанд.

Пештар расонаҳо гузориш дода буд, ки муҳоҷимон дар ибтидо 30 корманди кумиссиюни интихоботро ба гаравгон гирифта буданд.

Субҳи имрӯз пулиси Кобул гуфта буд, ки нахуст бар як дафтари кумиссиюни интихобот дар минтақаи Доруламони Кобул ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифта ва сипас афроди мусаллаҳ ба сохтмони ин дафтар норинҷак ҳам партоб карданд.

Хонаи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин минтақа қарор дорад, вале худи ӯ имрӯз дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон машғули муборизоти интихоботӣ аст.

Дафтари ҷалб ва ҷазби артиши миллии Афғонистон низ дар наздикии маҳали даргирии имрӯз воқеъ шудааст.

Шурои миллии Афғонистон ҳам дар ҷодаи Доруламони Кобул мавқеъият дорад ва имрӯз ба далели ҳузури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳур дар ин маҷлис сартосари ин ҷода аз аввали субҳ масдуд ва тадобири шадиди амниятӣ низ дар он эъмол мешуд.

Оқои Карзай имрӯз барои муаррифии Муҳамад Юнуси Қонунӣ ба унвони муъовини аввали худ ба маҷлиси намояндагон рафта буд.

Ҳамла ба ба Кобулбонки ҷадид

Неъматуллоҳ Карёб, хабарнигори Би-би-сӣ дар шарқи Афғонистон низ хабар дода ки муҳоҷимони мусаллаҳ субҳи имрӯз ба як шуъбаи Кобулбонки ҷадид дар шаҳри Асъадобод, маркази вилояти Кунар ҳамла карда ва барои як соъат бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Шуҷоъулмалик Ҷалола, волии вилояти Кунар ба Би-би-сӣ гуфта, ки дар ин даргирӣ 5 нафар аз ҷумла ду муҳофизи бонк, ду фарди низомӣ ва як ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ӯ афзуд, ки 14 нафар низ дар ин ҳодиса захмӣ шуда, ки 6 нафари онон акнун дар бемористон бистарӣ ҳастанд ва бақия ба сурати сарипо мудово ва мурраххас шудаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ ду ҳамлакунандаи интиҳорӣ субҳи имрӯз ба яке аз шуъбаҳои Кобулбонки ҷадид дар шаҳри Асъадобод ҳамла карданд ва пас аз куштани муҳофизон ба табақаи дувуми ин бонк рафтанд, ҷое ки сарбозони амниятии афғон дар ҳоли гирифтани ҳуқуқи моҳиёнаи худ буданд.

Оқои Карёб афзуд, ки яке аз ҳамлакунандагон худро дар табақаи дувуми бонк мунфаҷир кард ва дувумӣ дар ҳудуди як соъат бо нерӯҳои амниятии афғон даргир буд.

Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин бонк таҳти кунтрули нерӯҳои амниятии афғон аст ва ба хабарнигорон иҷозаи вуруд ба маҳал дода нашудааст.

Матолиби муртабит