Афроди мусаллаҳи ношинос як хабарнигори хориҷиро дар Кобул куштанд

  • 11 Март, 2014
ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба як растурони лубнонӣ дар Вазир Акбархон
Image caption Моҳи феврали гузашта дар ҳамлаи нерӯҳои Толибон ба як растурони лубнонӣ дар Вазир Акбархон 21 нафар кушта шуданд, ки 13 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд

Афроди мусаллаҳи ношинос рӯзи сешанбе 20 ҳут/ исфанд (11 март) як хабарнигори хориҷиро дар минтақаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул ба зарби гулӯла куштанд.

Гуфта мешавад, ки фарди кушташуда Нил Ҳурнер, хабарнигори яке аз родиюҳои суэдӣ будааст.

Корулойн Уойт, хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул мегӯяд, ки фарди кушташуда тобеъияти дугонаи суэдӣ (шветсиягӣ) ва бритониёӣ дошт ва корманди яке аз родиюҳои Суэд (Шветсия) буд.

Ӯ ба тозагӣ ва барои пӯшиши хабарҳои интихоботи Афғонистон ба Кобул рафта буд.

Мақомоти вазорати дохилаи Афғонистон ҳам гуфтаанд, ки ин хабарнигор, ки савор бар худрав буд, аз ноҳияи сар ҳадафи шиллики гулӯла қарор гирифт.

Аммо рӯзномаи Гордияни чопи Ландан ба нақл аз як шоҳиди айнӣ гуфтааст, ки ӯ ибтидо садои шиллики дастикам як гулӯларо шунида ва сипас мардеро дида, ки ба замин афтодааст.

Гуфта мешавад ин хабарнигори суэдӣ дар асари ин ҳамла башиддат захмӣ шуда ва дар роҳи интиқол ба бемористон ҷон бохтааст.

Наҷиб Дониш, муъовини сухангӯи вазорати дохила дар мавриди ин ҳодиса ба Би-би-сӣ гуфт: "Ҳаволии соъати ёздаҳ яке аз атбоъи кишвари Суэд, ки бо яке аз расонаҳои ин кишвар кор мекард, ба асари тирандозии ду фарди ношинос дар соҳаи Вазир Акбархон захмӣ мешавад, ба шифохона интиқол меёбад ва ба хотири ҷароҳоте, ки дошт, ҷон медиҳад."

Ба гуфтаи оқои Дониш то кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифта, аммо таҳқиқоти пулис дар ин замина оғоз шудааст.

Маҳаллаи Вазир Акбархон дар маркази шаҳри Кобул аз манотиқи аъённишини ин шаҳр ба ҳисоб меояд ва бештари сафоратхонахоҳои кишварҳои хориҷӣ ва дафотири ниҳодҳои байналмилалиро дар худ ҷой додааст.

Тадобири амниятии иттихозшуда аз суи нерӯҳои пулис дар ин минтақа низ маъмулан шадид аст.

Дар моҳи феврал низ дар ҳамлаи чанд узви гурӯҳи Толибон ба як растурони лубнонӣ дар маҳаллаи Вазир Акбархон 21 нафар кушта шуданд, ки 13 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса маргбортарин ҳамла ба ҷони шаҳрвандони хориҷӣ дар Афғонистон аз соли 2001 ба ин су будааст.

Бо наздиктар шудани замони хуруҷи комили нерӯҳои низомии Омрико ва НОТУ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 мелодӣ нигарониҳо дар мавриди вахомати авзоъи амниятӣ дар ин кишвар, ба вижа ҳифозат аз ҷони шаҳрвандони хориҷӣ, бештар шудааст.