Вазъи саломати кунсули Афғонистон дар Душанбе вахим арзёбӣ мешавад

  • 18 Октябр, 2013

Муҳаммад Зоҳир Асъад Яфталӣ, кунсули Афғонситон дар Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Кобул, дар ноҳияи Қумсангир дучори тасодуфи роҳ шудааст.

Бино ба гузоришҳои расида аз бемористони ноҳияи Қумсангир, маҳалле ки оқои Асъад Яфталӣ дар он бистарӣ шудааст, ӯ дар асари сонеҳа ҷароҳоти сангин бардошта ва ҳоло таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад.

Пизишкон вазъи саломати ӯро пас аз ҷарроҳӣ вахим арзёбӣ кардаанд. Ин ҳодиса шоми дирӯз, 17-уми октябр рух додааст.