Умедворӣ ва нигарониҳои сокинони навоҳии марзӣ дар Бадахшон

Шумори бештаре аз сокинони ноҳияи марзии Дарвози Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки баъид медонанд баъд аз хурӯҷи низомиёни Омрико аз Афғонистон, нооромиҳое дар дар қаламрави Бадахшони он кишвар сурат бигиранд.
Ин афрод мегӯянд, ки дар ду даҳаи ахир, ки Афғонистон даргири ҷанг буд, дар навоҳии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон дар вилояти Бадахшон оромии мутлақ вуҷуд доштааст.
Аммо иддае мегӯянд, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои Омрико ва эътилофи онҳо аз қаламрави Афғонистон имкон дорад, ки нооромиҳое дар он сӯйи рӯдхонаи Панҷ сар зананд, зеро ин афрод дар гузашта низ шоҳиди даргириҳое миёни гурӯҳҳои мутахосим дар рустоҳои марзии Бадахшони Афғонистон буданд.
Вале бисёре аз сокинони навоҳии марзӣ дар ноҳияи Дарвози Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо бештар аз мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ ва душвориҳои иҷтимоъии дохилӣ нигарон будаанд. Ҳамчунин онҳо мегӯянд, орзу доранд, ки пайвандонашон, ки солиёни зиёд дар ҳиҷрат ба сар мебаранд ба ватан бозгарданд.
Баъд аз он ки Омрико аз тарҳи хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон то соли 2014 хабар дод, нигарониҳое дар минтақа, бавижа дар кишварҳои ҳаммарази Афғонистон дар мавриди сар задани нооромиҳо дар он кишвар ва вахим шудани вазъият дар навоҳии марзӣ вуҷуд доштанд.
"Толибон дар он сӯйи марз набуданд"
Аммо Худогӯ Насруллоев, сокини рустои Дастилучи ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки панҷ фарзанд дорад ва тамоми зиндагии ӯ ва аҳли хондонаш дар ин ноҳияи марзӣ гузаштааст.
Оқои Насруллоев гуфт: "Ман аз марзбонони тоҷик сипосгузорам, ки аз марз муроқибати хуб мекунанд. Дар он тарафи рӯдхона афроди мусалаҳро гаҳ гоҳе мебинам ва намедонам, ки онҳо чи касоне ҳастанд марзбонони афғон ва ё афроди ғайринизомӣ? Аз он ки Омрико аз Афғонистон хориҷ мешавад хабар дорам, вале нигарон нестам,"
Ӯ афзуд, ки дар 20 соли ахир дар он тарафи марз дар қаламрави Афғонистон, ҳатто замоне, ки расонаҳо аз даргириҳои шадид дар манотиқи марказии он кишвар хабар медоданд, боре ҳам намояндагони ҷунбиши Толибон дар он сӯйи рӯдхона пайдо нашудаанд.
Вай мегӯяд: "Мушкили аслии мардуми он тарафи дарвози Бадахшон низ душвориҳои иқтисодӣ аст. Танҳо чанд сол қабл бо кумаки Бунёди Оқохон дар он сӯйи марз лисе (дабиристон) ва бинои бемористон кушод шуд. Мардуми афғон дар он тараф хеле камбизъоат ҳастанд, аммо хатарнок нестанд."
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз як ҳазору 500 килуметр марзи муштарак дорад, ки бахши аъзами ин марзро минтақаи душворгузари кӯҳистонӣ ташкил медиҳад.
Хатти марзи муштараки миёни ин кишварҳо дар вилояти Бадахшонро ба осонӣ дар ду сӯйи савоҳили рӯдхонаи Панҷ мешавад мушаххас кард.
Минтақаи Бадахшон, ки беш аз сад сол пеш ба ду ҷониб қисмат шуда ва бахше аз он дар савоҳили рӯдхонаи Панҷ (Ому) дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ ва бахши дигаре низ дар он сӯйи рӯдхона дар қаламрави Афғонистон қарор дорад.
Убуру мурур аз ин марз баъд аз солҳои 1940 таҳти кунтруле шадид қарор гирифт ва то солҳои 2005 марзбонони рус ҳифозат аз ин қисмати марзро бар уҳда доштанд.
То авоили солҳои 1990, яъне замони фурӯпошии Шӯравӣ барои бо як нафар аз сокинони он сӯйи рӯдхона ҳамсуҳбат шудан сокинони Бадахшони Тоҷикистон муҷозот мешуданд.
Равобити миёни сокинони навоҳии марзӣ
Ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо ноҳияи Нусайи Дарвози Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст ва чанд сол қабл бунёди пул бар фарози рӯдхонаи Панҷ равобити тиҷории миёни сокинони ин ду ноҳияи марзиро фароҳам кард.
Суҳроб Вазиров, сокини рустои Рузвайи ноҳияи Дарвоз мегӯяд, ки сокинони ноҳия аз хабарҳо дар мавриди ихроҷи нерӯҳои эътилоф аз қаламрави Афғонистон иттилоъ доранд, вале аз пайомадҳои он бим надоранд.
Оқои Вазиров афзуд: "Зиндагӣ дар марз барои мо маъмулӣ шудааст. Мо шодем, ки ин бозори марзӣ фаъъол шудааст ва сокинони ду сӯйи рӯдхона дар рӯзҳои таътил ба он ҷо меоянд ва маводди мавриди ниёзашонро харидорӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз мазреъи худро ба фурӯш мегузоранд."
Аммо шогирдони макотиби ҳамагонӣ ва кӯдакони кӯчак иҷоза надоранд, ки батанҳоӣ ба ин бозорҳо раванд.
Ин сокинони ноҳия Дарвоз ҳамчунин мегӯяд, ки мардуми ин макон ба таври ҳамешагӣ аз марзбонон, ки аз марзи муштарак муроқибат мекунанд, чигунагии рафтор дар бархе аз маворид дар марзро суол мекунанд.
Оқои Вазиров ҳамчунин дар мавриди авзо дар марз гуфт: "Вазъияти марз дар он тарафи рӯдхона, на баъд аз ворид шудани Омрикоиён ба Афғонистон тағйири назаррасе кард ва фикр мекунам, ки баъд аз баромадани онҳо аз он кишвар низ марз тағйироти куллие дар навоҳии марзии Афғонистон нахоҳад кард."
Гулшан, як зани 45-сола, ки чаҳор фарзанд дорад мегӯяд, ки камтар дар мавриди вазъи марз фикр мекунад. Ӯ афзуд, ки бештар аз вазъи ду писари худ, ки дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд, нигарон будааст.
Ин зан гуфт: "Фарзандонам натавонистанд дар ватан барои худ коре пайдо кунанд ва агар фаъъолиятеро ҳам пайдо мекарданд, маъошаш чунон ночиз буд, ки барои як ҳафтаи зиндагӣ намерасид. Аз ин рӯ онҳо Русияро барои кор ихтиёр карданд."
Гулшан мегӯяд, ки вазъ дар марзи муштарак ором аст, вале агар фарзандонаш аз Русия пул барои гузарондани рӯзгор нафиристанд, ҳоли хонаводаи онҳо хеле бад мешавад.
"Онҳо зиндагии моро халалдор намекунанд"
Амаки Аламшоҳ, сокини Қалъаихум мегӯяд, ки беш аз 70 сол дорад ва дар ин муддат ҳеч гуна хатареро аз он сӯйи рӯдхона эҳсос накардааст. Вай бо ишора ба он сӯйи рӯдхона афзуд: "Онҳо ба ҳоли худ зиндагӣ мекунанд мо ба ҳоли худ зиндагиро пеш мебарем. Онҳо зингдагии моро ҳеч халадор намекунанд. Ва он ҳарфҳо, ки баъд аз соли 2014 вазъи марз бад хоҳад шуд, дурӯғи маҳз аст."
Ин марди солманд мегӯяд, ки баръакси ҳол, баъд аз бунёди пул ва эҷоди бозори марзӣ равобит миёни мардумони ду минтақа беҳтар шудааст.
Аммо Васила Сатторова, сокини Қалъаихум мегӯяд, ки аз имкони сар задани нооромиҳо дар он сӯйи марз нигарон аст.
Вай бо ёдоварӣ аз солҳои қаблии муқовимати гурӯҳҳои мутахосим дар навоҳии марзӣ дар қаламрави Афғонистон гуфт: "Чанд сол қабл дар миёни гурӯҳе дар он тараф ҷанг шуд ва мо шоҳиди он будем, ки аъзои як хонаводаро ба қатл расонданд. Он замон аз садои тир дар он сӯйи марз мо қариб буд, ки кар шавем ва кормандони интизомӣ моро ҳушдор доданд, ки аз манзил берун наёем, зеро тирҳоро ба тарафи марзи мо паронда буданд."
Хонуми Сатторова гуфт, ки умед дорад, ки мардуми бовиқори Афғонистон даст аз эъмоли хушунат алайҳи ҳамдигар бар хоҳанд дошт ва сулҳу суботро дар кишварашон истиқрор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол чанде дигар аз сокинони ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ки интиқоли маводди мухаддир танҳо мушкилест, ки дар роҳи расидан ба оромиши комил дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон мушкил эҷод мекардааст.
