Раиси ҷумҳури Афғонистон ба Душанбе меояд
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбеи 21-уми октябр ба манзури анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар ин бора манобеъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ қарор аст Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо ин кишвар беш аз 1600 килуметр марзи муштарак дорад, бо ҳамтои тоҷикаш дидору гуфтугу кунад.
Гуфта мешавад дар ин мулоқот руасаои ҷумҳури ду кишвари ҳамсоя мавзуъоти амниятиву иқтисодии кишварҳои минтақаро арзёбӣ карда ва интизор меравад дар поёни музокироти дуҷониба, бастае аз санадҳо дар заминаи ҳамкориҳо дар ин самтҳо ба имзо бирасад.
