Толибони Афғонистон эъзоми аъзои худ ба Кашмири Ҳиндро рад кард

  • 7 Август, 2013
Image caption Толибон гуфта, ки эъзоми ҷангҷӯ тавассути ин гурӯҳ ба Кашмир на мумкин аст ва на мутобиқи сиёсати гурӯҳи Толибон

Ба дунболи кушта шудани панҷ сарбози ҳиндӣ дар Кашмир, як мақоми аршади амниятии ҳиндӣ гуфта, ки ситезаҷӯёни Толибони афғон ба кумаки Созмони Иттилоъотии Артиши Покистон, Ой-эс-ой, ба Кашмир эъзом мешаванд.

Дирӯз Умар Абдуллоҳ, сарвазири иёлати Ҷому ва Кашмири Ҳинд гуфт, ки ин навъ рӯйдодҳо ба ҳалли масъалаи Кашмир кумаке намекунад. Аммо покистониҳо гуфтаанд, ки аз ҷониби онҳо шиллике сурат нагирифтааст.

Имрӯз рӯзномаи Ҳиндӣ тоймз ов Индиё аз қавли як мақоми аршади амниятии ҳиндӣ гузориш кард, ки "ситезаҷӯёни Толибон" ба Ҷову ва Кашмир эъзом мешаванд ва оташафрӯзӣ мекунанд.

Ин мақоми ҳиндӣ, ки аз ӯ ном бурда нашуда, гуфтааст: "Рӯзи шанбе кунсулгарии Ҳинд дар Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифт, агарчи мо дар он талафот надодем, аммо нигаронии аслӣ ин аст, ки Созмони Иттилоъоти Артиши Покистон (ISI) ва гурӯҳҳои теруристӣ интиқоли ситезаҷӯёни Толибонро оғоз кардаанд, то дар Ҷому ва Кашмир оташафрӯзӣ кунанд."

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гурӯҳи Толибон, ин иддаъоро такзиб кард ва ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки эъзоми ситезаҷӯёни ин гурӯҳ ба манотиқи хориҷ аз Афғонистон на дар тавони ин гурӯҳ аст ва на бо сиёсатҳои он мутобиқат дорад.

Оқои Муҷоҳид афзуд: "Мо дар кишвари худ даргири ҷанге васеъ ва бузург ҳастем ва масъулияти мо ҳам дар дохили марзҳои худи мо аст. Дувоздаҳ сол мешавад, ки кишвари мо таҳти ишғол қарор дорад ва мо фурсати онро надорем, ки афроди худро ба ҷоҳои дигар бифиристем, махсусан ба кишварҳои минтақа, Ҳиндустон ва кишварҳои дигар."

Ваҳиди Мужда, огоҳи умури Толибон, ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки мумкин аст гурӯҳи Толибон ба Кашмир нерӯ эъзом накунад, аммо имкони сарбозгирӣ дар миёни афғонҳои мустақар дар Покистон вуҷуд дорад.

Ӯ афзуд: "Мумкин аст дар байни кампҳои муҳоҷирин касоне ҳозир шаванд, ки ба ҷанг (дар Кашмир) бираванд, бо таҷрубае, ки аз ҷанг дар давраи ҷиҳоди Афғонистон доранд. Эҳтимолан гурӯҳҳои покистонӣ дӯстоне дар миёни афғонҳо доранд, ки аз онҳо истифода мекунанд."

Пеш аз ин аҳдофи ҳиндӣ дар Афғонистон дар чанд мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Аз ҷумла сафорати Ҳинд дар Кобул дар тобистони соли 1387 ва як меҳмонсарои мавриди истифодаи пизишкони ҳиндӣ дар пойтахти Афғонистон дар зимистони 1388 ҳадафи ҳамалоти маргбори интиҳорӣ қарор гирифт.

Ахиран дар наздики кунсулгарии Ҳинд дар шаҳри Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон, бумбгузоре интиҳорӣ 9 кушта ва 21 захмӣ ба ҷо гузоштааст, ки ҳеҷ фард ё гурӯҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифт.

Пешҳ аз ин гузоришҳое дар расонаҳо мунташир шуда буд мабнӣ бар ин ки аъзои гурӯҳи Толибони Афғонистон ба Сурия ҳам эъзом шудаанд, то алайҳи давлати Башор Асад биҷанганд, аммо сухангӯйи гурӯҳи Толибон ин гузоришҳоро ҳам рад кард

Матолиби муртабит