Ҳамлаи Толибони Покистон ба як зиндон дар шимоли ғарби кишвар

Шибҳинизомиёни Толибон дар нимашаби душанбе бо пӯшидани либоси пулис ба зиндоне дар шимоли ғарби Покистон ҳамла карданд.
Ҳамла ба зиндоне дар шаҳри Дараи Исмоъилхон анҷом шуд, ҷое, ки садҳо нафар аз шибҳинизомиёни Толибон дар банд ҳастанд.
Суҳайл Холид, раиси пулиси шаҳр, мегӯяд, ки баъд аз чанд инфиҷор, нерӯҳои Толибон бо Ор-пи-ҷӣ ва силоҳҳои худкор ҳамларо идома доданд.
Мақомҳои маҳаллӣ ба хабаргузории Ассушиэйтед пресс гуфтаанд, ки шиъорҳои ҳамлакунандагон "Аллоҳу акбар" ва "Зинда бод Толибон" буданд.
Яке аз мардуми маҳал ҳам гуфта, ки садои инфиҷор чунон баланд буд, ки буд, ки "тамоми хонаҳои маҳалро ларзонд."
Яке аз мақомҳои маҳаллӣ ҳам гуфт Толибон бо худашон баландгӯ оварда буданд ва номи дӯстонашонро садо мекарданд.
Мақомҳо мегӯянд, ки масъулони болотар аз хатари ҳамла дар ҳафтаҳои ахир муталеъ буданд.
Раиси зиндонҳои ин устон, Холид Аббос ном дорад ва мегӯяд, ки мутмаъин нест касе аз 40 зиндонӣ хатарнокашон муваффақ ба фирор шуда бошад.
Дар апрели соли гузашта ва дар ҳамлае мушобеҳ, ки дар зиндони Бону дар шимоли Покистон рӯй дод, садҳо нафар аз зиндониён фирор карданд.
Дараи Исмоъилхон, муҳимтарин шаҳр дар устони Хайбари Пахтунхоҳ аст. Ин устон дар минтақае кӯҳистонӣ аст, ки қабоил ҳам дар он зиндагӣ мекунанд.
Рӯйдодҳои душанбешаб дар Покистон танҳо соъоте пеш аз таъйини раиси ҷумҳурии ҷадиди ин кишвар анҷом шуд.
Биност, ки дар рӯзи сешанбе ҷонишини Осафалии Зардорӣ барои тасаддии пусти раёсати ҷумҳурии Покистон мушаххас шавад.
Раиси ҷумҳурии ҷадидро намояндагони маҷлиси ин кишвар ва маҷолиси чаҳор устони Покистон интихоб мекунанд.
