Дафтари Толибон дар Қатар ба сурати муваққат баста шуд

  • 10 Июл, 2013
Image caption Боз шудани дафтари Толибон бо лавҳа ва парчами "Амороти Исломии Афғонистон" хашми Кобулро барангехт

Ба нақл аз сухангӯйи Толибон ва манобеъи диплумотик гузориш шуда, ки гурӯҳи Толибон аз рӯзи сешанбе ба сурати муваққат дафтарашро дар шаҳри Дуҳа, пойтахти Қатар, бастааст.

Чигунагии кушоиши "Дафтари музокирот"-и Толибон дар 18 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Дуҳа сару садои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон эҷод кард ва нигарониҳоеро ҳам дар пай овард.

Рӯзномаи омрикоии Вол Истрит Журнол ба нақл аз диплумотҳо дар Қатар ва мақомоти расмии омрикоӣ гузориш дода, ки ин дафтар ба таври муваққат баста шудааст.

Як мақоми Толибон низ ба хабаргузории Осушиэйтед прес гуфтааст, ки Толибон аз Қатар хориҷ нашуда, вале баъд аз ин ки парчам ва тоблуе, ки бар сохтмони дафтарашон насб карда буданд, поин оварда шуд, аз ин маҳал истифода нахоҳанд кард.

Пас аз интишори гузориши ифтитоҳи дафтари Толибон дар Дуҳа, мақомоти Афғонистон нисбат ба насби парчами Толибон ва тоблуе бо иборати "Амороти Исломии Афғонистон" бар ин сохтмон эътироз карда ва Толибонро муттаҳам карданд, ки дар назар доранд ин маҳалро ба унвони дафтари намояндагии расмии як давлати мустақил муъаррифӣ кунанд.

Як мақоми Толибон, ки аз ӯ ном бурда нашуда, дар тавзеҳи бастани муваққати дафтари Дуҳа гуфта, ки Борок Убомо ва Ҳомиди Карзай, раисони ҷумҳурии Омрико ва Афғонистон, насби парчам ва лавҳаи Толибонро баҳона карда ва музокироти сулҳро ба шикаст кашонданд.

Аз як диплумоти муқим дар Қатар низ нақли қавл шуда, ки кумитаи сиёсии Толибон тамоми нишастҳои байналмилалиро мутаваққиф карда ва аз дафтари Қатар низ истифода намекунад.

Авоили моҳи гузашта дафтари Толибон дар Қатар боз шуд, вале насби лавҳаи "Амороти Исломии Афғонистон" ва барафроштани парчами Толибон дар ин сохтмон хашми Кобулро барангехт.

Дар вокуниш ба ин иқдом давлати Афғонистон музокира бар сари паймони амниятии миёни Афғонистон ва Омрикоро ба сурати якҷониба ба ҳолати таълиқ даровард ва эълом кард, ки ҳайъати Шӯрои олии сулҳ дар музокироти сулҳ дар Қатар ширкат нахоҳад кард.

Сухангӯйи раиси ҷумҳури Афғонистон дар мақола барои Би-би-сӣ дар бораи ин дафтар навишт: "Давлати Афғонистон дар он замон бо гушоиши дафтари Толибон дар Қатар машрут бар шароит ва меконизми амалии Шӯрои олии сулҳ мувофиқат кард. Ба асоси ин шароит давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо боз шудани ин дафтар сирфан ба манзури пешбурди прусаи сулҳ ва анҷоми музокирот мувофиқат кард."

Ӯ афзуд, ки Борок Убомо дар номае ба таърихи 14 июн ба Ҳомиди Карзай навишт: "Барои вай пешрафт дар ростои эҷоди дафтаре барои Толибон ба манзури анҷоми музокирот бо Шӯрои олии сулҳ умедворкунанда аст." Дар нома омадааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо диди ҳукумати Афғонистон мабнӣ бар ин ки гушоиши ин дафтар бояд бо ҳадафи анҷоми музокирот миёни Шӯрои олии сулҳ ва Толибони афғон бошад, ҳамназар мебошад.

Сухангӯйи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ба таърихи 18 июн дафтари Толибон дар Дуҳа дар тазодди комил бо тазминҳои додашуда дар номаи раиси ҷумҳур Борок Убомо ифтитоҳ гардид.

Матолиби муртабит