Тамоси телефунии Керрӣ бо Карзай барои рафъи таниш бар сари дафтари Толибон

Имал Файзӣ, сухангӯи Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки шомгоҳи чоршанбе, 19-уми июн, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико дар талош барои коҳиши танишҳо бо раиси ҷумҳурии Афғонистон телефунӣ сӯҳбат кардааст.
Мақомоти афғон гуфтаанд, ки мумкин аст, давлати Афғонистон гуфтугӯҳо бар сари мувофиқатномаи дутарафаи амниятӣ бо Омрикоро идома диҳад.
Оқои Файзӣ гуфт, ки оқои Керрӣ ба раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки парчами Толибон ва лавҳаи “Аморати исломии Афғонистон” аз дафтари тозагушоишёфтаи Толибон дар Қатар бардошта мешавад.
Оқои Файзӣ афзуд, ки оқои Карзай ба вазири хориҷаи Омрико гуфта, ки мардуми Афғонистон бояд таҳаққуқи замонатҳоеро, ки Омрико дар мавриди навъияти фаъъолияти дафтари Толибон дар Қатар додааст, амалан бубинанд.
Ин дар ҳоле аст, ки аввали рӯз 19-уми июн давлати Афғонистон эълом карда буд, ки ба далели “таноқуз миёни гуфтор ва амали Омрико дар мавриди раванди сулҳ бо Толибон” гуфтугӯҳо рӯйи мувофиқатномаи амниятӣ бо Омрикоро ба ҳолати таълиқ даровардааст.
ДАвлати Афғонистон ҳамчунин эълом кард, ки ҳеҷ ҳайъате барои музокира бо Толибон ба Доҳа намефиристад.
Давлати Афғонистон хостори ин аст, ки то дафтари Толибон дар Қатар “Дафтари Толибон барои музокира” номгузорӣ шавад ва ҳеҷ навъи фаъъолият ғайр аз музокироти таҳти раҳбарии давлати Афғонистон аз ин дафтар сурат нагирад.
Сухангӯи оқои Карзай гуфт, ки омрикоиҳо ба давлати Афғонистон итминон додаанд, ки Толибон аз ин дафтар ба манзури як намояндагии сиёсӣ барои мақосиди ғайр аз музокироти сулҳ истифода нахоҳанд кард.
Суҳайл Шоҳин, яке аз сухангӯйни Толибон дар Қатар низ таъкид кардааст, ки онҳо парчам ва лавҳаи “Аморати исломии Афғонистон”-ро аз ин дафтар бар медоранд.
Дафтари Толибон дар Қатар зери номи “Дафтари Аморати Исломии Афғонистон” рӯзи сешанбеи гузашта гушоиш ёфт. Толибон гуфтанд, ки дар ин дафтар ба фаъъолиятҳои сиёсӣ низ хоҳанд пардохт.
Толибон дар замони ҳукумат бар Афғонистон унвони “Аморати Исломии Афғонистон”-ро барои ин кишвар ба кор мебурд.
Дар гушоиши ин дафтар ҳеҷ намояндае аз ҳукумати Афғонистон ҳузур надошт.
Тавофуқномаи амниятии Афғонистон бо Омрико
Ҳукумати Афғонистон чанд рӯз пеш эълом карда буд, ки базудӣ марҳилаи чаҳоруми гуфтугӯҳо барои мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико оғоз хоҳад шуд.
Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон гуфта буд, ки ҳукумати Афғонистон умедвора аст дар ин давор аз музокирот пешрафтҳои зиёде сурат гирад ва базудӣ пешнависи ин мувофиқатнома ниҳоӣ шавад.
Ин музокирот миёни сафири Афғонистон дар Вошингтун ва сафири Омрико дар Кобул пеш бурда мешавад.
Мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Омрико бар асоси маводди паймони ҳамкориҳои истротежики ду кишвар, имзо мешавад.
Ин мувофиқатнома чаҳорчуби ҳуқуқии ҳамкориҳои амниятӣ миёни ин ду кишварро пас аз соли 2014 таъйин мекунад.
Аз имзои санади ҳамкориҳои истротежик миёни Кобул ва Вошингтун беш аз як сол мегузарад, аммо то ҳануз ин ду кишвар ба далели ихтилоф рӯйи шароиташон ба тадвини мувофиқатнома даст наёфтаанд.
Марҳилаи аввали ин музокирот дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуд.
Пеш аз ин се марҳилаи музокирот барои имзои ин мувофиқатнома дар Кобул баргузор шуда буд.
