Ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрико ба Покистон 17 кушта бар ҷой гузошт

Мақомҳои Покистон мегӯянд ҳадди ақал ҳафдаҳ нафар, ки занни он меравад аз пайкорҷӯён бошанд, дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрико ба манотиқи қабилаӣ дар Вазиристони Шимолӣ кушта шудаанд.
Тибқи гузоришҳо ин бузургтарин ҳамла аз ин навъ дар соли ҷорӣ буда ва ҳадаф аз он Шабакаи Ҳаққонӣ аст, ки дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст.
Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрикоро ноқизи тамомияти арзии ин кишвар хондааст.
Ин вазоратхона як диплумоти аршади сафорати Омрикоро эҳзор карда ва ба ин ҳамла эътироз кардааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Исломобод мегӯяд тозатарин ҳамлаи Омрико боъиси афзоиши танишҳо миёни ин кишвар ва давлати ҷадиди Покистон хоҳад шуд.
Имрӯз субҳ (чаҳоршанбеи 3 июл) ҳадди ақал ду мушак тавассути ин ҳавопаймо ба сӯйи хонае дар Вазиристони Шимолӣ шиллик шуд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишин хонаеро дар наздикии шаҳри Мироншоҳ ҳадаф қарор дод.
Ин севумин ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрико бо аҳдофе дар хоки Покистон аз замони ба қудрат расидани Навоз Шариф, нахуствазири ин кишвар, ба шумор меравад.
Оқои Шариф чунин ҳамалотеро маҳкум карда ва хоҳони поён додан ба онҳо шудааст.
Манотиқе, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, маҳалли ҳузури пайкорҷӯёни Толибон ва нерӯҳои вобаста ба Алқоъида аст.
Дар ҳамин ҳол, аз Пешовар низ гузориш шуда, ки дар ҳамлаи пайкорҷӯён ба як исти бозрасӣ дар наздикии Пешовар ҳадди ақал панҷ маъмури амниятӣ кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.
Се нафар аз нерӯҳои амниятӣ низ мафқуд шудаанд, ки эҳтимол дода мешавад тавассути муҳоҷимон рабуда шуда бошанд.
