Навоз Шариф мегӯяд, ки барандаи интихоботи Покистон аст

  • 12 Май, 2013
Рӯзномаҳои покистонӣ
Image caption Рӯзномаҳо ҳам пеш аз эъломи расмӣ Навоз Шарифро баранда эълом кардаанд

Муҳаммад Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Муслим Лиги Покистон эълом карда, ки барандаи интихоботи он кишвар аст.

Натоиҷи ғайрирасмии ҳосил аз шумориши оро дар Покистон низ ҳокӣ аз пирӯзии Навоз Шариф, нахуствазири асбақи он кишвар дар интихобот аст.

Навоз Шариф дар соъоти поёнии рӯзи шанбе дар ҷамъи ҳаводоронаш ҳозир шуд ва бо онҳо ба шодӣ пардохт.

Интихоботи Покистон бо хушунатҳои зиёде ҳамроҳ буд.

Дар асари инфиҷори бумбе дар беруни сохтмони ҳизби Миллӣ Авомӣ дар Карояӣ дастикам 11 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд.

Ҳизби Авомӣ Миллӣ аз аҳзоби секулори Покистон аст ва монанди дигар аҳзоби секулор мавриди таҳдиди ҳамлаи Толибони Покистон қарор гирифта буд.

Ҳамалоти дигаре низ дар иёлати Балучистон ва ҳамчунин дар шаҳри Пешовар дар шимоли ғарби Покистон гузориш шудааст.

Эътилофи ба раҳбарии Муслим Лиг

Шумориши аввалияи оро ҳикоят аз он дорад, ки ҳизби Муслим Лиги Навоз Шариф беш аз 100 курсиӣ аз маҷмуъи 272 курсиро, ки ба раъйи умумӣ гузошта мешавад, аз они худ кардааст.

Бо ин ҳол Навоз Шариф аксарияти мутлақи ороро нахоҳад дошт ва ночор хоҳад буд, ки давлате эътилофӣ ташкил диҳад.

Ӯ дар суханронии худ аз раҳбарони дигар аҳзоб хост, ки бо ӯ бар сари мизи музокира биншинанд.

Оқои Шариф дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Лоҳур гуфт, ки омодаи муқобала бо чолишҳои бузурге аст, ки Покистон бо онҳо рӯбарӯ аст ва ваъда дод, ки тағйироте ҷиддӣ дар кишвар эҷод кунад.

Навоз Шариф дар ин интихобот бо ҳизби Имронхон, крикетбози собиқ мубориза мекард.

Бар асоси натоиҷи аввалия баъд аз Навоз Шариф, ҳизби Таҳрики Инсофи Имронхон бештарини ороро касб карда ва бахусус дар Пешовар муваффақ будааст.

Мизони мушорикати мардум дар интихобот ҳудуди 60 дарсад эълом шудааст, ки бештарин мизон дар 30 соли гузашта будааст.

Матолиби муртабит