Инфиҷори ду бумб дар дафотири номзадҳои интихоботии Покистон

Инфиҷори ду бумб дар дафотири номзадҳои интихоботӣ дар шаҳри Куҳот дар шимоли Покистон ба куштаи шудани 8 нафар ва маҷрӯҳ шудани шуморе дигар мунҷар шудааст.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ бумби аввал дар беруни дафтари Саййиднур Акбар, ки қарор аст дар интихоботи моҳи ояндаи ин кишвар ба сурати мустақил ширкат кунад, мунфаҷир шудааст.
Оқои Акбар дар замони вуқуъи инфиҷор дар дафтар ҳузур надошт.
Яке аз сухангӯёни пулис гуфтааст, ки ин инфиҷор ба мағозаҳо, худрав ва ҳамчунин дафтари ҳизби Авомӣ миллӣ, ки қаблан ҳадафи Толибон қарор гирифта буд, хисороте ворид кардааст.
Бумби дувум ҳам дар дафтари Насирхон, яке дигар аз кондидҳои мустақил мунфаҷир шудааст.
Ҳиҷ гурӯҳе то кунун масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифтааст.
Дар остонаи баргузории интихоботи умумӣ дар рӯзҳои гузашта ҳамалоте алайҳи кондидҳои ширкаткунанда сурат гирифтааст.
Рӯзи шанбеи 27 апрел бумбе дар як ҷаласаи интихоботии ҳизби Авомӣ миллӣ дар Карочӣ мунфаҷир шуд, ки даҳ кушта бар ҷой гузошт ва шуморе ҳам маҷрӯҳ шуданд.
Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта ва эълом кард, ки ин ҳамла бахше аз талошҳои Толибон барои зарба задан ба аҳзоби секулоре аст, ки хоҳони мубориза бо ин гурӯҳ ҳастанд.
